Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ширкати «Лото Спорт» созишномаи ҳамроҳӣ (партнерское соглашение) баст. Маросими расмии ба тасвиб расидани созишнома, имрӯз дар ФФТ баргузор шуд. Муҳлати эътибори созишнома то охири соли 2017 мебошад.
Созишномаро аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ноиби президенти Федератсия Дилшод Ҷӯраев ва аз ҷониби ширкати «Лото Спорт» директории ширкат Иля Орагвелидзе ба имзо расониданд.
«Баста шудани созишномаи ҳамроҳӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ширкати мо рӯйдоди муҳим аст. Созишномаи мазкур на танҳо барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон, балки барои рушди футболи кӯдакону наврасон ва футзал дар кишвар мусоидат менамояд», – гуфт директори ҶСК «Лото Спорт» Иля Орагвелидзе.
«Аз ширкати маъруфи «Лото Спорт» барои ҳамроҳию ҳамкорияшон сипосгузорем. Имсол баргузории даҳ бозии расмӣ ва санҷишии тими миллии Тоҷикистон дар назар дошта шудаст. Хушбахтона, шумораи мухлисони дастаи мунтахаби Тоҷикистон сол то сол афзун мешавад. Аз ин лиҳоз боварӣ дорам, бозиҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон низ барои зиёд гаштани нуфузи ширкати «Лото Спорт» хеле мувофиқу муфид ҳастанд. Инчониб бар он боварам, ки ҳамкориҳои мо судманд хоҳанд шуд», – гуфт, дар навбати худ, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикисстон Дилшод Ҷӯраев.