Баҳром Саъдуллоев дар курси доварони КФО иштирок кард – Федерация Футбола Таджикистана

Баҳром Саъдуллоев дар курси доварони КФО иштирок кард

Ёвари рефери ФИФА аз Тоҷикистон Баҳром Саъдуллоев дар курси байналмилалии доварони Конфедератсияи футболи Осиё иштирок намуд. Курси мазкур дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб доир шуд.

Курс 5 рӯз идома ёфта, дар он 43 нафар доварон – 15 рефери ва 28 ёвари рефери ФИФА аз давлатҳои Осиёҳои Ғарбӣ, Ҷанубӣ ва Марказӣ иштирок доштанд.

Барномаи курс машғулиятҳои амаливу назариявиро дар бар мегирифт. Дар идомаи баргузории муашғулиятҳо доварон аз омодагии ҷисмонӣ ба таври тестӣ имтиҳон карда шуданд.

Добавить комментарий