Баҳром Саъдуллоев ба Эрон ва Арабистони Саудӣ меравад – Федерация Футбола Таджикистана

Баҳром Саъдуллоев ба Эрон ва Арабистони Саудӣ меравад

Ёвари рефери ФИФА Баҳром Саъдуллоев аз Тоҷикистон ба ҳайси довари хизматрасони канори майдон, дар бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони зери 19-сола таъин шуд.

Марҳилаи интихобии ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ дар гурӯҳи “В” аз 2 то 6 октябр дар Арабистони Саудӣ мегузарад ва дар он дар баробари мунтахаби ҷаонони зери 19-солаи соҳибони майдон, инчунин мунтахабҳои ҷавонони давлатҳои Яман, Туркманистон ва Сурия ширкат мекунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳафтаи оянда довари қӯрғонтеппагӣ Баҳром Саъдуллоев ба Эрон сафар мекунад. Дар Теҳрон довари тоҷик бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои наврасони зери 16-соларо дар гурӯҳи “Е” хизматрасонӣ хоҳад кард. Ин вохӯриҳо аз 16 то 20 сентябр дар пойтахти давлати Эрон баргузор мегарданд ва дар онҳо мунтахабҳои наврасони зери 16-солаи Эрон, Баҳрайн, Ҳиндустон ва Лубнон ширкат мекунанд.

Добавить комментарий