Ба мураббиёни Тоҷикистон иҷозатномаҳои дарсдиҳӣ супорида шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ба мураббиёни Тоҷикистон иҷозатномаҳои дарсдиҳӣ супорида шуд

Имрӯз, 26 ноябр, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мураббиёни футболи кишвар иҷозатномаҳои дарсдиҳии дараҷаи «А» ва «С»-и Конфедератсияи футболи Осиё супорида шуд. Миёни соҳибшудагон ба муҷаввизи мураббигарии дараҷаи «А»-и Конфедератсияи футболи Осиё футболбозони дар гузаштаи наздик маъруфи кишвар – Раҳматулло Фузайлов, Субҳон Хоҷамов, Назиршо Ризомов, Меҳроб Заурбеков ва Баҳодур Суфиев низ ҳастанд.

Иҷозатномаҳои тренериро ба соҳибонашон директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев, роҳбари идораи маъмурияти ФФТ Шавкат Ахмедов ва муовини роҳбари департаменти техникии ФФТ оиди маълумоти тренерӣ Боир Эгамбердиев супориданд.

_DSC9588Ба Раҳматулло Фузайлов, Субҳон Хоҷамов, Назиршо Ризомов, Меҳроб Заурбеков, Баҳодур Суфиев, Ҷамшед Баҳронов, Юсуфҷон Абдуллоев, Муҳаммадалӣ Ҷӯраев, Ҳикматулло Шарипов, Алиҷон Турдиназаров, Қаноат Латипов, Олимшо Қадамшоев, Ҳамид Каримов, Насимҷон Набиев, Тоҷиддин Мираков ва Тоҷиддин Наботов муҷаввизи тренерии дараҷаи «А» ва ба Фаррух Бердиев, Асатулло Нуруллоев, Илёс Яҳёев, Дилшод Аҳатов, Камолҷон Ҳакимов, Зафарҷон Ҳотамов, Бахтиёр Холиқов, Фаррух Марофиев, Зубайдулло Нуров, Алишер Полвонов, Муродҷон Саломов, Мансур Сангинов, Аҳлиддин Юнусов, Баҳриддин Сангинов, Маҳкамҷон Маҳкамов, Зарифҷон Зиёев, Дилором Нусратуллоева, Шарафҷон Дадоматов, Муслиҳиддин Раҳимов ва Шокирҷон Сангов муҷаввизи тренерии дараҷаи «С»-и Конфедератсияи футболи Осиё супорида шуд.

_DSC9603

Добавить комментарий