Ба Алишер Сафаров сиҳатии комилро хоҳонем! – Федерация Футбола Таджикистана

Ба Алишер Сафаров сиҳатии комилро хоҳонем!

Мухлисони азизи футболи Ватан! Агарчӣ душвор аст, аммо ба шумо хабари нохуберо мерасонем. Ду рӯз пеш, капитани дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон Алишер Сафаров дар наздикии манзили истиқоматияшон ба садамаи автомобилӣ дучор шуд. Алишерро ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳ мошин зад. Табибон дарҳол ӯро ҷарроҳӣ намуда (испурч) талхадонашро ҷудо карданд. Айни ҳол Алишер дар Маркази миллии тиббии шаҳри Душанбе бистарист. Ба гуфти духтурон мушкилиҳо паси сар шуда, ҳолати капитани ҷавонони мо муътадил арзёбӣ мешавад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон, ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонон, ҳамдастаҳо ва шумораи зиёди мухлисон, ҳар чӣ зудтар шифо ёфта ба майдони футбол баромадани Алишер Сафаровро аз Худованд талабгоранд. Зудтар шифо ёбӣ, Алишер, мо дар паҳлӯят ҳастем!!!

Добавить комментарий