Аъзоёни мунтахаби футзали Тоҷикистон мукофотонида шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Аъзоёни мунтахаби футзали Тоҷикистон мукофотонида шуданд

Ба муносибати ба даст даровардани роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016, дар спорт-бари  «Истиқлол»-и пойтахт вохӯрӣ бо бозигарону мураббиён ва маъмурияти мунтахаби миллии футзали кишвар доир шуд.

Вохӯрӣ бо футзалистон хеле самимӣ ва дар фазои дӯстона ҷараён гирифт. Нахуст ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев футзалистони тоҷикро барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа табрику муборакбод гуфта, ба онҳо дар финали чемпионати футзали Осиё-2016 барору комёбиҳоро таманно кард.

_DSC9513«Иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё дар Хуҷанд, барои аксари бозигарони мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон аввалин ширкат дар чунин сабқати сатҳи байналмилалӣ буд. Дастаи мо хеле ҷавон ва умедбахш аст. Ба шумо дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа дар Тошканд барору комёбиҳоро таманно мекунам», – гуфт Ҷӯраев дар баромади худ дар назди футзалистон.

Собиқ дарвозабони мунтахаби футзали Тоҷикистон Анваршо Мирзоев низ назди футзалистон баромад карда, дастаро барои сазовор гаштан ба роҳхати марҳилаи ниҳоии мусобиқа табрик кард. Анваршо Мирзоев инчунин ба дарвозабони мунтахаби  миллии футзали Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов тӯҳфаи таъсиснамудаи махсуси худро супорид.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев аз номи роҳбарияти Федератсияи футболи кишвар ба ҳайати даста барои баромаданашон ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 мукофотпулӣ тақдим кард.

Вохӯрӣ бо зиёфати идона анҷом шуд.

_DSC9523_DSC9534_DSC9551

Добавить комментарий