Аввалин ғалабаи КМВА «Помир» ва «Вахш» дар мавсими нав – Федерация Футбола Таджикистана

Аввалин ғалабаи КМВА «Помир» ва «Вахш» дар мавсими нав

Клуби марказии варзиши артиш «Помир» ва  «Вахш» дар мавсими футболи соли 2017 ба аввалин ғалабаашон комёб гардиданд.

Дар даври панҷуми мусобиқа дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахат футболбозони КМВА «Помир» бар КФ «Барқчӣ» бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Ягона голро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 56-ум ба ҳадаф расонд. Баъди ин комёбӣ футболбозони КМВА «Помир» бо шаш имтиёз ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқот баромаданд.

Дар бозиҳои дигари ин давр «Вахш» ва «Хуҷанд» ҳам вохӯриҳояшонро бо ғалаба ҷамъбаст карданд. Барои футболбозони «Вахш» низ, ин аввалин пирӯзӣ дар Чемпионати имсолаи мамлакат ба ҳисоб меравад. «Вахш» тавонист дар бозии ниҳоят муҳим дастаи машҳури Тоҷикистон – «Регар – ТадАЗ»-ро дар майдонаш бо нишондоди 2:1 ноком гардонад. Голҳои задаи Худойдод Узоқов ва Далер Умаров дар муқобили тӯби задаи Евгений Хотимский- легионери  россиягии дастаи «Регар- ТадАЗ» «Вахш»-ро ба гирифтани се имтиёз мушарраф гардониданд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дастаи нави лигаи олӣ -«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷододиддини Балхиро қабул карда, бо натиҷаи 2:1 ғолиб омад. Голҳоро Дилшод Бозоров, Манучеҳр Ахмедов (аз «Хуҷанд») ва Абдухалил Боронов («Панҷшер») ба самар расониданд.

Як бозии дигари даври панҷум бо иштироки дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 18:30  гузаронида мешавад. Аз рӯи тақвими бозиҳо ин вохӯрӣ мебоист дар варзишҳгоҳи ноҳияи Фархор доир гардад, аммо аз сабаби омода набудани майдони бозӣ дастаҳо ба қароре омаданд, ки вохӯрии марҳалаи аввалро дар шаҳри Душанбе ва бозии марҳалаи дуввумро дар Фархор баргузор намоянд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Даври 5

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голҳо: Худойдод Узоқов, Далер Умаров («Вахш») – Евгений Хотимский («Регар-ТадАЗ).

Довари майдон: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

8 апреля. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи  «Пахтакор».

 

«Хуҷанд» – «Панҷшер» – 2:1

Голҳо: Дилшод Бозоров, Манучеҳр Ахмедов( «Хуҷанд) – Абдухалил Боронов(«Панҷшер»).

Довари майдон: Бехрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Аюбҷон Солиев (Конибодом).

Комиссари бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).

8 апреля. Худҷанд. Варзишгоҳи  «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

 

КМВА «Помир» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Шарафҷон Солеҳов, 56.

Довари майдон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Комиссари бозӣ: Сафар Каримов (Норак).

9 апреля. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор».

 

11 апреля (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 18:30

«Истиқлол» – «Ҳосилот»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Ҳосилот» (Фархор) 4 3 0 1 7-3 9
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 2 1 1 5-3 7
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 4 1 3 0 1-0 6
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 1 2 2 3-4 5
5 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 5 1 2 2 2-4 5
6 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 5 1 2 2 3-6 5
7 «Истиқлол» (Душанбе) 2 1 1 0 6-0 4
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 5 1 1 3 2-9 4

Нишонзанҳо беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 3 тӯб, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ») – 2 тӯб.

Добавить комментарий