Автомошинаи тамғаи «Лада-Приора» – тӯҳфа дар бозии «Истиқлол» – «Локомотив» – Федерация Футбола Таджикистана

Автомошинаи тамғаи «Лада-Приора» – тӯҳфа дар бозии «Истиқлол» – «Локомотив»

Баъд аз бозии байналмилалии дӯстона байни чемпиони чоркартаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва чемпиони дукаратаи Россия «Локомотив»-и Москва аз рӯи билетҳои даромади бозӣ, бозии лотореяи варзишӣ доир мегардад. Дар бозӣ чанд адад моделҳои навтарини смартфонҳои «Samsung Galaxy» ва бурди асосӣ – автомошинаи сабукрави тамғаи «Лада-Приора» бозӣ доронда мешаванд.

Бозӣ рӯзи 26-уми июн, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе доир хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки ин бозӣ дар мусоидати бевоситаи сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ташкилу баргузор гардонида мешавад.

Муквофиқи шартҳои маслиҳати пешакӣ сармураббии «Локомотив»-и Москва ҳамватани мо Игор Черевченко ба Тоҷикистон ҳайати асосии дастаи худро хоҳад овард.

Добавить комментарий