Ҷавонони Тоҷикистон дар Норак ба тамрин шурӯъ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷавонони Тоҷикистон дар Норак ба тамрин шурӯъ кард

Мунтахаби ҷавонони то синни 19-солаи Тоҷикистон омодагиро ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2019 оғоз кард. Мусобиқаи мазкур аз 13 то 30 октябр дар давлати Баҳрайн мегузарад.

Имрӯз, 1-уми июл, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббии нави даста Виталий Левченко машғулиятҳои омӯзишӣ-машқии худро дар Норак оғоз кард. Ба ҷамъомади омӯзишӣ-машқии якум Левченко 28 бозигар – 4 дарвозабон, 8 муҳофиз, 12 ниммуҳофиз ва 4 ҳамлагарро даъват кардаст. Рӯзи 12-уми июл «ҷавонони» мо дар Душанбе бо мунтахаби олимпии Қирғизистон (U-21) бозии санҷишӣ мегузаронад.

Ёдрас мешавем, ки дар чемпионати Осиё-2016 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Рақибони мунтахаби мо дар ин гурӯҳ мунтахабҳои Узбекистон (14 октябр), Хитой (18 октябр) ва Австралия (21 октябр) мебошанд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чорякфинали мебароянд. Дар чемпионати Осиё-2016 дар Баҳрайн чор роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати ҷаҳон-2017 ба Кореяи ҷанубӣ бозӣ доронда мешавад.  Дар сурати дар Манама ба марҳилаи ниҳоии чемпионати ҷаҳон-2017 баромадни мунтахаби Кореяи ҷанубӣ, он гоҳ дастаи дар ин мусобиқа зинаи панҷумро ишғолкарда ба чемпионати ҷаҳон-2017 роҳхат мегирад.

 

Рӯйхати кушоди мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19):

Дарвозабонҳо: Шаҳром Исмоилов, Беҳрӯз Хайриев, Далер Азизов (ҳама аз «Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев (КМВА «Помир»);

Ниммуҳофизон: Қувватбек Равшанбеков, Алишери Ҳотам, Зиёвуддин Фузайлов (ҳама аз «Барқчӣ»), Ҷамшед Умаров («Ҳосилот»), Азим Раҳмонов («Вахш»), Ҳусейн Нурматов («Помир»), Дороб Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»);

Ниммуҳофизон: Мунир Давлатбеков, Отабек Каримов, Кароматулло Саидов, Ҳокимҷон Ҳасанов, Муҳаммадҷони Ҳасан (ҳама аз «Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Худойдод Узоқов («Вахш»), Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»), Нумон Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Муҳсин Парпиев («Хайр»), Фаридун Неъматов («Помир»);

Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов, Амирҷон Сафаров, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳама аз «Барқчӣ»), Азиз Бегов («Регар-ТадАЗ»).

Добавить комментарий