Ҷавонони Тоҷикистон чемпионати Осиёро аз бозӣ бо Узбекистон оғоз мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷавонони Тоҷикистон чемпионати Осиёро аз бозӣ бо Узбекистон оғоз мекунад

Тақвими бозиҳои марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё -2016 байни ҷавонони то синни 19 сола интишор шуд. Мусобиқа аз 13 то 30 октябр дар шаҳри Манамаи Баҳрайн доир мешавад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври ифтитоҳии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бо мунтахаби ҷавонони  Узбекистон вомехӯрад. Ин бозӣ рӯзи 15 октябр дар варзишгоҳи “Халифа Спорт Сити” баргузор хоҳад шуд. Дар даври дуюм, рӯзи 18 октябр бошад, ҷавонони мо бо мунтахаби ҷавонони Хитой рақобат мекунад. Дар бозии ҷамъбастии гурӯҳи “D”  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 21 октябр бо мунтахаби ҷавонони Австралия рӯбарӯ мешавад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи миллии Баҳрайн баргузор хоҳад шуд.

Дар сурати баромадан аз гурӯҳ ҷавонони мо бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Қатар, Япония, Яман ва Эрон вомехӯрад.

Бояд қайд кард, ки дар чемпионати Осиё-2016, дар Баҳрайн чор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2017 ба Кореяи Ҷанубӣ мешаванд. Дар сурати ба бозиҳои ниманиҳоии чемпионати Осиё-2016 роҳ ёфтани мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ он гоҳ дастаи ҷои панҷум низ соҳиби роҳхати  марҳилаи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2017 байни ҷавонон мегардад.  Дар чемпионати Осиё-2016 дар Баҳрайн бозӣ барои ҷои сеюм доир намешавад.

 

Чемпионати Осиё -2016 байни мунтахабҳои ҷавонони то синни 19 сола

Гурӯҳи «А»: Баҳрайн, Таиланд, Кореяи ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Гурӯҳи «В»: ҶХДК, ИМА, Ироқ, Ветнам.

Гурӯҳи «С»: Қатар, Япония, Яман, Эрон.

Гурӯҳи «D»: Узбекистон, Китой, Австралия, ТОҶИКИСТОН.

 

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

13 октябр (панҷшанбе)

  1. Баҳрайн – Арабистони Саудӣ.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
  2. Таиланд – Кореяи ҷанубӣ. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

 

14 октябр (ҷумъа)

  1. ҶХДК – Ветнам.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
  2. ИМА – Ироқ.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
  3. Қатар – Эрон. Варзишгоҳи милии Баҳрайн
  4. Япония – Яман.Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

 

15 октябр (шанбе)

  1. Узбекистон –ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
  2. Хитой – Австралия.Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

 

Даври 2-юм

16  октябр (якшанбе)

  1. Арабистони Саудӣ – Таиланд.Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
  2. Кореяи ҷанубӣ – Баҳрайн.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

 

17 октябр (душанбе)

  1. Ветнам – ИМА.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
  2. Ироқ – ҶХДК.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
  3. Эрон – Япония.Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
  4. Яман – Қатар.Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

 

18 октябр (сешанбе)

  1. ТОҶИКИСТОН– Хитой.Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
  2. Австралия – Узбекистон.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

 

Даври 3-юм

19 октябр (чоршанбе)

  1. Баҳрайн – Таиланд.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
  2. Кореяи ҷанубӣ – Арабистони Саудӣ.Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

 

20 октябр (панҷшанбе)

  1. ҶХДК – ИМА.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
  2. Ироқ – Ветнам. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
  3. Қатар – Япония.Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
  4. Яман – Эрон.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

 

21 октябр (ҷумъа)

  1. Узбекистон – Хитой.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
  2. Австралия –ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн 

 

Бозиҳои чорякфиналӣ

23 октябр (якшанбе)

  1. 1 «А» – 2 «В».Варзишгоҳи миллии Баҳрайн 
  2. 1 «В» – 2 «А».Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

 

24 октябр (душанбе)

  1. 1 «С» – 2 «D».Варзишгоҳи миллии Баҳрайн 
  2. 1 «D»– 2 «С».Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

 

27 октябр (панҷшанбе)

*Плей-офф 1 – Мағлуби 25 – Мағлуби 27. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

*Плей-офф 2 – Мағлубми 26 – Мағлуби 28. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн  

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

  1. Ғорлиби 25 – Ғолиби 27.Варзишгоҳи миллии Баҳрайн  
  2. Ғолиби 26 – Ғолиби 28.Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

 

30 октябр (якшанбе)

*Плей-офф 3 – Ғолиби плей-оффи 1 – Ғолиби плей-офф 2. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн  

 

Финал

  1. Ғолиби 29 – Ғолиби 30.Варзишгоҳи миллии Баҳрайн  

 

* Бозиҳои плей-офф дар сурате баргузор мешаванд, ки агар мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ба бозиҳои ниманиҳоӣ барояд. Дар ин ҳол ғолиби  плей-оффи 3 соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати ҷаҳон-2017 ба Кореяи Ҷанубӣ мешавад.

Добавить комментарий