Ҷавонони Тоҷикистон бо олимпичиёни Қирғизистон бозии дӯстона мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷавонони Тоҷикистон бо олимпичиёни Қирғизистон бозии дӯстона мегузаронад

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)  бо мунтахаби олимпии Қирғизистон (U-21) бозии дӯстона мегузаронад. Ин бозӣ рӯзи 12 июл дар Душанбе доир мешавад.

Бозии дӯстона бо мунтахаби олимпии Қирғизистон барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун як давраи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 маҳсуб меёбад. Мусобиқаи мазкур аз 13 то 30 октябр дар Баҳрайн мегузарад. Мунтахаби ҷавонони мо дар гурӯҳи «D» бо мунтахабҳои ҷавонони Узбекистон, Австралия ва Хитой рақобат мекунад.

Добавить комментарий