Ҷавонони «Истиқол» ба мудофиачиён наздик мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷавонони «Истиқол» ба мудофиачиён наздик мешаванд

Дар мусобиқа байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон бозиҳои даври нуҳум баргузор шуданд.

Пешсафи ҷадвали мусобиқа ҷавонони КМВА «Помир» дар ин давр натавонистанд дар майдони худ бар ҳайати ҷвонони «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастболо шаванд. Бозӣ хеле шавқовару диданӣ ҷараён гирифта, мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Мусовӣ анҷом ёфтани ин бозӣ бар нафъи футболбозони ҷавони «Истиқлол»-и Душанбе гашт. Душанбегиҳо дар ин давр дар меҳмонӣ бар ҷавонони «Ҳосилот» бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 пирӯз шуданд. Баъд ин ғалаба ҷавонони «Истиқлол» амалан ҳайати ҷавонони КМВА «Помир»-ро дарёб карданд. Таносуби имтиёзҳо байни онҳо дар ҷадвали мусобиқа ду имтиёз аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷавонони «Истиқлол” нисбат ба ҷавонони мудофиачӣ як бозӣ кам гузарониданд.

 

Мусобиқаи ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон. Даври 9-ум

«Равшан» – «Хуҷанд» –  1:1

Голҳо: Мубинҷон Муминов, 11 (0:1). Бахтиёр Комилов, 54 (1:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Мубинҷон Муминов («Хуҷанд»).

Сардовар: Исмоил Нуралиев (Норак) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Салоҳиддин Бухориев (Восе).

10 июн. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобинон.

 

«Барқчӣ» – «Хайр» – 2:4

Голҳо: Умедҷон Азизов, 3 (0:1). Хайём Дарвешов, 12 (1:1). Фирдавси Файззода, 19 (1:2). Воҳид Соҳибназаров, 62 (1:3). Алишер Эргашев, 75 (1:4). Анушервон Наврӯзов, 87 (2:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Воҳид Соҳибназаров («Хайр»).

Сардовар: Акобир Файзуллозода (Душанбе) – 7,7 хол.

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

10 июн. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

 

«Ҳосилот» – «Истиқлол» – 0:4

Голҳо: Абдулмумин Забиров, 5 (0:1). Исмоил Алимардонов, 21 (0:2). Шериддин Бобоев, 38 – аз пеналти (0:3). Абдулмумин Забиров, 61 (0:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Абдулмумин Забиров («Истиқлол»).

Сардовар: Акмал Буриев (Турсунзаде) – 7,5 балла.

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

11 июн. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобинон.

 

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ» – 3:3

Голҳо: Самандар Ризомов, 31 (1:0). Фарҳод Эргашев, 36 (1:1). Наврӯз Саидов, 46 (2:1). Баҳром Холматов, 67 (2:2). Ёқуб Ахмедов, 72 – аз пеналти (2:3). Самандар Ризомов, 86 (3:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Нумон Зокиров («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Алимирзо Хоҷаев (Қӯрғонтеппа) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

11 июн. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 350 тамошобинон.

 

КМВА «Помир» – «Парвоз» – 0:0

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Зоир Ҷӯрабоев (КМВА «Помир»).

Сардовар: Эркин Мадибоев (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Рустам Абдуллоев (Душанбе).

11 июн. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикисотон. 100 тамошобин.

 

  Б Ғ М Б Т И
1 КМВА «Помир» (Душанбе) 8 5 3 0 23-8 18
2 «Истиқлол» (Душанбе) 7 5 1 1 22-3 16
3 «Ҳосилот» (Фархор) 8 4 1 3 15-16 13
4 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 8 3 2 3 15-16 11
5 «Хайр» (Ваҳдат) 8 3 2 3 13-14 11
6 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 7 3 1 3 12-14 10
7 «Барқчӣ» (Душанбе) 8 3 1 4 9-16 10
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 2 3 3 6-12 9
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 8 1 3 4 7-16 6
10 «Равшан» (Кӯлоб) 8 0 3 5 8-15 3

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 11 гол, Рустам Толибов (КМВА «Помир») – 10 гол, Бахтовар Зокиров («Парвоз») – 5 гол, Мухаммадрофеъ Холов («Вахш»), Умедҷон Азизов («Хайр») – 4 голӣ, Азиз Бегов («Регар-ТадАЗ»), Мирзобек Мирзоев («Хайр»), Самандар Ризомов («Вахш»), Комрон Салимов («Ҳосилот») – 3 голӣ.

Добавить комментарий