Ҷавонони “Истиқлол” иродаи қавӣ нишон доданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷавонони “Истиқлол” иродаи қавӣ нишон доданд

Баъди танафуси якмоҳа мусобиқа байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии кишвар эҳё гардид. Пешсафи ҷадвали мусобиқа ҳайати захиравии “Истиқлол”-и пойтахт дар меҳмонӣ бар ҷовонони “Вахш” бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб шуд. Дар ин бозӣ аввалӣ шуда ҳисобро соҳибони майдон боз карданд. Голро Азиз Бегов ба нишон зад. Аммо шогирдони Баҳодур Суфиев матонату қавииродагӣ зоҳир намуда, муваффақ шуданд, ки ба як голи задаи қӯрғонтеппагиҳо бо ду гол ҷавоб гӯянд. Голҳои ҷавонони дастаи пойтахтро Шериддин Бобоев ва Амирҷон Сафаров ба ҳадаф расониданд. Баъди ин ғалаба ҷавонони “Истиқлол” бо 28 имтиёз мавқеи пешсафиашонро дар садри ҷадвали мусобиқа мустаҳкамтар карданд.

Мусобиқа байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ. Даври 10ум.

«ВАХШ» «ИСТИҚЛОЛ» 1:2

ГолҳоАзиз Бегов, 20 (1:0). Шериддин Бобоев, 69 (1:1). Амирҷон Сафаров, 76 (1:2).

 

«ХАЙР» «ПАРВОЗ» 2:1

Голҳо: Қурбонбек Ҳайдаров, 11 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 30 –аз пеналти (1:1). Алишер Эргашев, 84 (2:1).

 

«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» «РАВШАН» 2:0

ГолҳоШаҳзоди Алишер, 52 (1:0). Аваз Норкузиев, 68 (2:0).

 

«РЕГАР-ТАДАЗ» КМВА «ПОМИР» 2:1

ГолҳоЗафар Шарипов, 55 (1:0). Акбар Бобомуродов, 78 (2:0). Зоир Ҷӯрабоев, 90+5 – аз пеналти (2:1).

Аз майдон хориҷ шудСамадҷон Шарифов (КМВА «Помир»), 90+3 – барои таҳқири ҳайати доварон.

 

«БАРҚИ ТОҶИК» «ХУҶАНД» 1:3

ГолҳоРуслан Раҳматов, 23 (0:1). Дилшод Бозоров, 40 (0:2). Азамҷон Хурсанов, 49 (1:2). Дилшод Бозоров, 79 (1:3).

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 10 9 1 0 49-5 28
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 10 5 4 1 14-7 19
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 5 2 3 19-17 17
4 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 10 4 4 2 25-20 16
5 «Хайр» (Ваҳдат) 10 4 4 2 18-28 16
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 4 1 5 18-17 13
7 КМВА «Помир» (Душанбе) 10 4 1 5 15-15 13
8 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 10 2 1 7 14-38 7
9 «Равшан» (Кӯлоб) 10 1 3 5 10-21 6
10 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 10 1 1 8 12-26 4

Добавить комментарий