“Авиатор” – ғолиби секаратаи Ҷоми хотираи Геннадий Черевченко шуд – Федерация Футбола Таджикистана

“Авиатор” – ғолиби секаратаи Ҷоми хотираи Геннадий Черевченко шуд

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба гиромидошти хотираи собиқадори футболи тоҷик, муҳофизатгари маъруфи дастаи футболи «Помир»-и Душанбе, устоди варзишии ИҶШС Геннадий Черевченко бо ғалабаи дастаи футболи наврасони «Авиатр»-и Душанбе анҷом ёфт. Мусобиқа аз бо ташаббуси писари Геннадий Черевченко – тарбиятгирифтаи футболи тоҷик, айни замон сармураббии дастаи футболи «Локомотив»-и Москва Игор Черевченко дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкилу баргузор гардонида шуд.

Мусобиқа дар майдончаҳои футболбозии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо итштироки ҳашт даста доир гардид. Дар марҳилаи пешакии мусобиқа дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Дастаҳои футболи «Авиатр»-и Душанбе ва МҶМОВ ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.  Бозии финали хеле шавқовару диданӣ сурат гирифта бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи футболбозони навраси «Авиатор» анҷом ёфт. Ин бори сеюм аст, ки наврасони «ҳавонавард» барандаи Ҷоми гиромидошти хотираи футболбози маъруфи тоҷик Геннадий Черевченко мешаванд.

Маросими мукофотонии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бисёр хотирмон гузашт. Ҷому медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравиро ба соҳибонашон писари Геннадий Черевченко – сармураббии бошгоҳи футболи «Докомотив»-и Москва Игор Геннадиевич Черевченко тақдим кард.

Добавить комментарий