“Авиатор” боз ғолиби Ҷоми Черевченко шуд – Федерация Футбола Таджикистана

“Авиатор” боз ғолиби Ҷоми Черевченко шуд

Дастаи “Авиатор”-и пойтахт барои бори дуюм паиҳам ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми гиромидошти устоди варзиши ИҶШС, муҳофизатгари маъруфти “Помир”-и Душанбе, Геннадий Черевченко шуд.

Дар мусобиқа шаш даста, ки панҷтои он – “Солор”, Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ), Мактаби футболи Шариф Назаров (МФШН), “Аавиатор”, “Городок” ва як даста бо номи “Қаҳрамон” аз ноҳияи Ҳисор ширкат карданд. Дар марҳилаи якум дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, бо ҳамдигар рақобат карданд. Дастаҳои “Авиатор” ва МҶМОВ дар гурӯҳҳо соҳиби ҷои якум гардида, мувофиқи низомномаи мусобиқа ба бозии ниҳоӣ баромаданд. Дар оғози бозии ниҳоӣ бозигарони МҶМОВ як комбинатсияи хеле хубро созмон дода, дар натиҷа Меҳрубон Ҳамидов онро ба задани гол анҷом кард. Аммо, мутаассифона, барои шогирдони Сафар Раҳмонов хурсандии онҳо дер давом накард. Баъди чанд дақиқа авиаторчиён ҳисобро баробар карданд. Голро Муҳаммадворис Саидалиев зад.

Баъди танаффус бозигарони “Авиатор” андаке бартарӣ доштанд. Аммо дарвозабон ва муҳофизони МҶМОВ хуб бозӣ карда, дарвозаашонро аз гол эмин доштанд. То охири бозӣ ҳисоб тағийр наёфт. Дар силсилаи зарбаҳои пеналтии пас аз бозӣ бошад, бахти бозигарони дастаи “Авиатор” хандид ва онҳо бо ҳисоби 4 бар 3 пирӯз шуда, барои бори дуюм пайдарҳам соҳиби Ҷоми гиромидошти хотираи Геннадий Черевченко шуданд.

Ҳайати “Авиатор” дар бозии финалӣ: Назаров, Шарипов, Саидалиев, Асоев, Олимзода, Қодиров, И. Саидов, Ш.Саидов, Меликов, Умуров, Сафаров, Саъдиев, Мирзоев. Сармураббӣ – Исмоил Саидов.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Городок” бар “Солор” бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд.

Дар маросими мукофотсупории мусобиқа ба дастаҳои соҳибҷоиза Ҷому медалҳо ва ба бозигарон медалҳои хотиравӣ, тӯбҳои футболбозӣ ва футболкаҳо бо соядасти бозигарони “Локомотив”-и Москва тақдим карда шуд. Тӯҳфаи асосӣ – Ҷоми Ғолибиятро ба капитани дастаи “Авиатор”, писарбузурги Геннадий Черевченко, сармураббии “Локломотив”-и Москва –  Игор Черевченко супорид.

Кумитаи тадорукотӣ бозигарони беҳтарини мусобиқаро муайян кард. Наби Назаров аз («Авиатор») еҳтарин дарвозабон, Дилшод Ҷӯраев аз («Городок») беҳтарин муҳофиз,  Бахтовар Ғаюров аз («Солор») беҳтарин ниммуҳофиз, Муҳаммад Аҳмадов аз (МҶМОВ) беҳтарин ҳамлагар, Муҳаммад Қурбонов аз (МҶМОВ) беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуданд. Муҳаммадворис Саидалиев аз («Авиатор») бо 7 голи задааш беҳтарин нишонзан ва сармураббии («Авиатор») Исмоил Саидов беҳтарин мураббӣ шинохта шуданд.

Добавить комментарий