Атрибутикаҳои футболӣ дастраси мухлисони мунтахаби Тоҷикистон мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Атрибутикаҳои футболӣ дастраси мухлисони мунтахаби Тоҷикистон мешаванд

Ширкати iamdifferent таъмингари расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо атрибутикаи футболӣ шуд. Пеш аз бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 байни мунтахабҳои Тоҷикистону Австралия, мухлисон имконият доранд барои худ атрибутикаи футболиро дастрас кунанд.

Ба гуфти директори генералии ширкати iamdifferent Фарҳод Ҳамидов, дар рӯзи бозӣ бо Австралия дар атрофи варзишгоҳ нуқтаҳои сайёри фурӯши атрибутикаҳои футболӣ фаъолият хоҳанд кард. Дар ин нуқтаҳои фурӯш  мухлисон метавонанд барои худ ашёҳои хусусияти футболӣ доштаеро ба монанди футболкаҳои ҳархела,  сумкаҳо, магниткаҳо, часпонакҳо, брелокҳо, набзсанҷҳо, сарпӯшу гарданбандҳо, бозубанду байрақчаҳо, ҳавотозакунакҳо барои солони мошинҳо ва ғайраҳоро дастрас намоянд.

Илова бар ин, рӯзҳои наздик дар мағозаи фирмавии iamdifferent, ки дар суроғаи кӯчаи Рӯдакӣ, 32 (дар палӯи Академияи улум) қарор дорад, гӯшаи мухлис кушода мешавад ва дӯстдорони футбол метавонанд аз он ҷо атрибутикаҳои дилхоҳашонро харидорӣ намоянд. Spielautomaten Übersicht – Casino Spiele

Добавить комментарий