Ҳарифони мунтахаби мо ба Ҷоми ҷаҳон-2016 баромаданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳарифони мунтахаби мо ба Ҷоми ҷаҳон-2016 баромаданд

Ҳарифони мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати футзали Осиё – мунтахабҳои Тайланд ва Ветнам соҳиби роҳхат ба Чемпионати футзали ҷаҳон-2016 шуданд. Чемпионати футзали ҷаҳон-2016 моҳи сентябр дар Колумбия доир хоҳад шуд.

Мунтахаби Тайланд, ки дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати футзали Осиё-2016 мунтахаби футзали  моро бо ҳисоби 5 бар 4  мағлуб карда буд, дар бозии чорякфиналӣ бар Австралия бо ҳисоби калони 6 бар 1 пирӯз шуд.

Дар бозии дигари чорякфиналӣ мизбони мусобиқа, мунтахаби Узбекистон бар футзалистони Ироқ бо ҳисоби 3 бар 0 ғолиб шуд.

Ду роҳхати дигарро ба Колумбия мунтахабҳои футзали Эрон ва Ветнам соҳиб шуданд. Эрониҳо бар Қирғизистон бо ҳисоби калони 7 бар 0 дастболо шуда, мунтахаби Ветнам бар чемпиони секаратаи футзали Осиё-мунтахаби Япония ғолиб шуд. Вақти асосӣ ва ду қисми иловагии ин бозӣ, мутаносибан, бо ҳисобҳои баробари 3 бар 3 ва 4 бар 4 анҷом ёфтанд. Дар задани силсилазарбаҳои пеналти бошад, кори Ветнамиҳо омад кард ва бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд.

Акнун дар бозиҳои нимфиналии чемпионати футзали Осиё дар Тошканд рӯзи 19 феврал Узбекистон бо Тайланд ва Эрон бо Ветнам вомехӯранд. Мунтахабҳои Япония, Қирғизистон, Австралия ва Ироқ барои боз як роҳхати дигар ба Колумбия рақобат мекунанд. Пагоҳ, 18 феврал, Япония бо Қирғизистон ва Австралия бо Ироқ рақобат мекунанд. Баъд аз ин рӯзи 19 феврал ғолибони ин ҷуфтҳо барои роҳхати панҷуми Чемпионати футзали Осиё-2016 рӯбарӯ мешаванд.

 

14-ум чемпионати футзали Осиё-2016

Бозиҳои 1/4 финалӣ

Узбекистон – Ироқ – 3:0

Тайланд – Австралия – 6:1

Эрон – Қирғизистон – 7:0

Япония – Ветнам – 4:4. Бо пеналти – 1:2

 

Плей-офф барои ҷои 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

16:00 – Ироқ – Австралия.  Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

16:00 – Қирғизистон – Япония. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19 феврал (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷои 5-ум

16:00 – Ғолиби бозии Қирғизистон/Япония – Ғолиби бозии Ироқ/Австралия. Маҷмаи варзишии «Универсал»

Бозиҳои нимфиналӣ

16:00 – Узбекистон – Тайланд. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Эрон – Ветнам. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

21 феврал (якшанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Финал. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

Добавить комментарий