Ҳарифони мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-19) маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳарифони мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-19) маълум шуданд

Дар сарситоди Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия имрӯз, 19 май, қуръакашии марҳилаи гурӯҳии интихобии чемпионати Осиё-2017 байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 19 сола баргузор шуд. Мувофиқи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо мунтахабҳои бонувони Узбекистон, Тайбэйи Чин, Ҳонконг ва Покистон рақбот мекунад. Бозиҳо дар гурӯҳи “В” аз 29 октябр то 6 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе мешаванд.

Бозии аввали худро дар доираи ин мусобиқа мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон рӯзи 29 октябр муқобили мунтахаби Покистон мегузаронад. Дар даври дуюм, ки рӯзи 31 октябр доир хоҳад шуд, дастаи мо бо мунтахаби духтаронаи ҳамсоякишвари Узбекистон вомехӯрад. Даври сеюми мусобиқа рӯзи 2 ноябр доир мешавад ва дар ин давр мунтахаби духтаронаи Тайбэйи Чин рақиби футболбоздухтарони тоҷик сешавад. Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр бо мунтахаби Ҳонгконг рӯбарӯ мешавад.

Ёдрас мешавем, ки аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ 18 мунтахаби духтарона ба 2 квартети 4 дастагӣ ва 2 гурӯҳи 5 дастагӣ ҷудо карда шуданд. Танҳо ғолибони гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2017 роҳхат мегиранд. Дастаҳои мунтахаби духтаронаи то синни 19 солаи Ҷопон, ҶХДК, Кореяи Ҷанубӣ ва Хитой ҳамчун беҳтарин дастаҳои сабқати охирини қитаъавӣ, алакай, ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё -2017 роҳ ёфтанд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи мазкур ҳамагӣ 8 даста иштирок мекунад.

Қобили қайд аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон таҷрибаи хуби ташкилу баргузории мусобиқаи байналмилалӣ байни дастаҳои мунтахаби духтаронаро дорад. Охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон чемпионати минтақавии Осиё-2016 байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 сола дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардонида шуд, ки дар он мунтахаби духтаронаи Бангладеш мақоми аввалро ишғол намуд. Сатҳи баргузории ин мусобиқа аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё бисёр баланд баҳогузорӣ гардид.

 

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 байни духтарони то синни 19 сола:

Гурӯҳи «A»: Австралия, Урдун, Лубнон, Сингапур, Ҷазираҳои Мариани шимолӣ.

Гурӯҳи «B»: Узбекистон, Тайбэйи Чин, Ҳонконг, ТОҶИКИСТОН (мизбон), Покистон.

Гурӯҳи «С»: Таиланд (мизбон), Мянма, Фаластин, Қирғизистон.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Ветнам (мизбон), Ҳиндустон, Филиппин.

 

Тақвими бозиҳо дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

29 октябр (шанбе)

Ҳонконг – Тайбэйи Чин

Покистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 2-юм

31 октябр (душанбе)

ТОҶИКИСТОН – Узбекистон

Покистон – Ҳонконг

 

Даври 3-юм

2 ноябр (чоршанбе)

Узбекистон – Покистон

Тайбэйи Чин – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 4-ум

4 ноябр (ҷумъа)

Тайбэйи Чин – Покистон

Ҳонконг – Узбекистон

 

Даври 5-ум

6 ноябр (якшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Ҳонконг

Узбекистон – Тайбэйи Чин

u19_new

Добавить комментарий