Ҳарифони футболбоздухтарони тоҷик дар чемпионати Осиё муайян шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳарифони футболбоздухтарони тоҷик дар чемпионати Осиё муайян шуданд

Аз рӯи натиҷаи қуръакашии чемпионати минтақавии Осиё дар митақаҳои Ҷануб ва Марказии Осиё дастаи мунтахаби футболбоздухтарони зери 14 солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон, Непал, Бутан ва Бангладеш рақобат мекунад.

Мунтахабҳои футболбоздухтарони зери 14 солаи Молдив, Эрон, Шри-Ланка ва Ҳиндустон ба гурӯҳи «В» шомил шуданд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм мегузаранд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои нимфиналӣ  мебароянд.  Баъд аз ин, дастаҳои ғолиб дар бозии финалӣ ва дастаҳои мағлубшуда дар бозӣ барои ҷои сеюм рақобат мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки чемпионати минтақавии Осиё аз 23 апрел то 1 май дар Тоҷикистон доир мегардад. Бозиҳо дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт ва Академияи клуби футболи «Истиқлол» дар шаҳраки Алмосии шаҳри Ҳисор доир мешаванд. 

 

Чемпионати минтақавии Осиё байни духтарони то синни 14 сола. Минтақаҳои Ҷанубӣ ва Марказии Осиё

Гурӯҳи «А»: ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон, Непал, Бутан, Бангладеш.

Гурӯҳи «В»: Молдив, Эрон, Шри-Ланка, Ҳиндӯстон.

 

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

23 апрел (шанбе)

Непал – Қирғизистон

Бангладеш – Бутан 

24 апрел (якшанбе)

Бутан – ТОҶИКИСТОН

Бангладеш – Непал

Даври 2-юм

26 апрел (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Қирғизистон – Бутан

Молдив – Ҳиндустон

Эрон – Шри-Ланка 

Даври 3-юм

27 апрел (чоршанбе)

Қирғизистон – Бангладеш

Непал – ТОҶИКИСТОН

Ҳиндустон – Эрон

Шри-Ланка – Молдив

Даври 4-ум

28 апрел (панҷшанбе)

Бутан – Непал

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Молдив – Эрон

Шри-Ланка – Ҳиндустон

Бозиҳои нимфиналӣ

30 апрел (шанбе)

1 «А» – 2 «В»

1 «В» – 2 «А»

1 май (якшанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм

Финал

Добавить комментарий