Анваршо Мирзоев ва Зайниддин Раҳимов ба Малайзия рафтанд – Федерация Футбола Таджикистана

Анваршо Мирзоев ва Зайниддин Раҳимов ба Малайзия рафтанд

Сардори шӯъбаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев ва сармураббии дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи мамлакат Зайниддин Раҳимов дар Конфронси якуми байналмилалии ҷавонони Конфедератсияи футболи Осиё, дар Куала-лумпури Малайзия иштирок мекунанд.

Конфренс се рӯз идома ёфта дар он иштирокчиён байни ҳам табодули афкор мекунанд.

“Рушди футболи кӯдакону наврасон яке аз самтҳои асосии фаъолияти АФК маҳсуб меёбад. Мо барои тарбияи ситораҳои ояндаи футбол масъулият дорем ва бояд ба таври фаврӣ ҳадафҳои худро муайян сохта, мақсадҳоямонро амалӣ намоем”, – гуфт дар маросими ифтитоҳи Конфронс иҷрокунандаи вазифаи котиби генералии АФК Дато Виндзор Ҷон.

Добавить комментарий