Анваршо Мирзоев раиси нави Федератсияи футболи Душанбе интихоб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Анваршо Мирзоев раиси нави Федератсияи футболи Душанбе интихоб шуд

Дар Конференсияи Федератсияи футболи шаҳри Душанбе, ки рӯзи 23-юми июл, дар меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси Душанбе» баргузор гардид, роҳбари нави Федератсияи футболи шаҳри Душанбе интихоб шуд.

Раиси нави Федератсияи футболи Душанбе (ФФД) собиқ дарвозабони мунтахаби миллии футзали мамлакат, роҳбари департаменти футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев интихоб шуд. Мирзоев дар ин вазифа Дилшод Ҷӯраевро иваз кард.

Акнун Дилшод Ҷӯраев дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайси ноиби президент адои вазифа мекунад. Инчунин, муовини раиси ФФД Увайдо Давлатбеков низ вазифаи ишғолкардаашро тарк кард. Увайдо Давлатбеков фаъолияти футболии худро дар Федератсияи футболи Тоҷикистон идома медиҳад.

Муовини Анваршо Мирзоев дар ФФД яке аз маъруфтарин собиқ муҳофизатгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Субҳон Хоҷамов интихоб шуд.

Добавить комментарий