Анваршо Мирзоев: “Мо бо хатогии довар бозиро бохтем” – Федерация Футбола Таджикистана

Анваршо Мирзоев: “Мо бо хатогии довар бозиро бохтем”

Роҳбари ҳайати намояндагии мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев бохти дастаро аз соҳибони майдон (1:2) дар бозии ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми президенти Қазоқистон чунин шарҳ дод:

– Барои ин бозӣ наметавонам ва ҳақ надорам, ки бачаҳоро сарзиниш кунам. Онҳо то охир кӯшиш карданд ва ҳамаи дастурҳои  мураббиро иҷро карданд. Бозигарони дар ивазшавӣ низ ба майдон баромада бозиро тақвият доданд. Дар охир бо иштибоҳи довар мо бозиро бохтем. То ин маврид ҳамааш аз рӯи нақша буд. Мусобиқа дар сатҳи баланд ташкил карда шудаст. Аз бозиҳои дигар розиям. Дар бораи бозии пагоҳӣ ҳаминро гуфтаниям, ки аз лиҳози ҷисмонӣ бачаҳои мо каме сутӣ доранд. Аммо онҳо рӯҳияи баланд доранд. Барои мо дар чунин мусобиқаҳо муҳимтар аз ҳама таҷриба андӯхтан аст.

Добавить комментарий