Ҷаннӣ Инфантино – президенти нави ФИФА – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷаннӣ Инфантино – президенти нави ФИФА

Дабири кулли УЕФА Ҷаннӣ Инфантино президенти нави Федератсияи байналмилалии футбол интихоб шуд.  Интихоботи ғайринавбатӣ барои ишғоли курсии президенти ФИФА, ки аз соли гузашта баъди барканории Зепп Блаттер холӣ буд, шоми 26 феврал дар Женеваи Швейтсария баргузор гашта, Инфантинои 45-сола бо гирифтани 115 овоз аз 207 овози мавҷуда  пирӯз шуд.

Барои курсии президентӣ инчунин чор номзади дигар, Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа, президенти Конфедеросиюни футболи Осиё (88 овоз), Алӣ Ал-Ҳусейн шоҳзодаи Урдун (4 овоз), Жером Шампан (4 овоз) собиқ дабири кулли ФИФА ва Токио Сексвале аз Африқои ҷанубӣ рақобат карданд.

Дар интихоботи ғайринавбати президенти ФИФА намояндагони 207 кишвар иштирок кардан. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Хуршед Файзуллозода ноиби аввали президенти ФФТ намояндагӣ кард.

Добавить комментарий