Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки зери раёсати Тоҳир Нурзода доир гардид, қароре ба тавсиб расонд, ки тавассути он корманди клуби футболи “Хуҷанд” Ҷамшед Марофиев барои якумрӣ аз ҳама гуна фаъолияти ба футбол марбут дошта, барканор карда шуд.
Дар протоколи ҷаласаи Кумитаи интизоми ФФТ сабт шудааст, ки собиқ директори клуби футболи “Хуҷанд” Ҷамшед Марофиев бо қарори Кумитаи интизомӣ таҳти № 19 аз 25 сентябри соли 2012 барои халалдор кардани бандҳои 4.2 ва 5.3-и боби 14-и Кодекси интизоми ФФТ – мунтаззам вайрон кардани Низомнома, латукӯб кардани ҳайати доварон ва расонидани таъсири ҷисмонӣ ба онҳо дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои “Хуҷанд” – “Хайр” ба муддати панҷ сол дар қаламрави Тоҷикистон аз ҳама гуна фаъолияти ба футбол марбут дошта барканор карда шуда буд.
Ба ин нигоҳ накарда, бо сабаҳои номаълум моҳи январи соли ҷорӣ мавсуф дар клуби футболи “Хуҷанд” ба кор қабул карда шуд, ки инро ҳуҷҷатҳои мусоҳибот оиди ба ӯ пардохт гардидани моҳона аз моҳи январ то моҳи июни соли 2015 тасдиқ мекунанд.
Ин хатогии ҷиддӣ аз ҷониби директори КФ “Хуҷанд” Рустам Марофиев содир шуд. Дар асл бошад ӯ аз қарори Кумитаи интизоми ФФТ таҳти № 19, аз 25 сентябри соли 2012, ки мутобиқи он бародари хурди ӯ Ҷамшед Марофиев аз ҳама фаъолияти ба футбол марбут дошта барканор гардонида шуда буд, огоҳ буд, аммо бо суистифода аз вазифаи ишғолкардаи худ ин қарори Кумитаи интизоми ФФТ-ро халалдор намуд.
Кормандони масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон борҳо Рустам Марофиевро огоҳ сохтанд, ки бародараш Ҷамшед Марофиев ба фаъолияти клуб дахолат менамояд. Якҷоя бо дастаи МТО “Хуҷанд” ба бозӣ бо “Панҷшер” ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ омдани ӯро низ таъкид намуданд. Аммо Марофиеви калонӣ ин ҳамаро қатъиян рад сохта иброз менамуд, ки бародараш ба сифати мухлису тамошобин ба варзишгоҳҳо меояд.
Қайд карда шуд, ки риоя нагардидани Қарорҳои кумитаи интизоми ФФТ аз ҷониби Ҷамшед Мароиев, маҳз дар мувофиқати ӯ бо роҳбарони КФ “Хуҷанд” сурат гирифтанд.
Дар банди 2-и боби 1-и Дастурамал оиди Кодекси интизоми ФФТ қайд шудааст, ки ҳамаи Қарорҳои Кумитаи интизомӣ барои роҳбарони клубҳо ҳатмӣ мебошанд. Аммо қарори мазкури Кумитаи интизомӣ аз ҷониби директори КФ “Хуҷанд” Рустам Марофиев риоя нашуда, балки халалдор гардидаст, ки ин ба таври ҷиддӣ вайрон кардани Низомномаи баргузории чемпионати Тоҷикистон барои соли 2015 мебошад. Гузашта аз ин ах ҷониби Рустам Марофиев бандҳои 9 ва 32 боби 5 ва бандҳои 7, 11 банди 4 Низомномаи мазкур вайрон карда шуданд.
Инчунин қайд карда шуд, ки Ҷамшед Марофиев дидаю дониста пеш аз анҷоми мӯҳлати барканорияш қарори Кумитаи интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистонро аз 25 сентябри соли 2012 халалдор намуд.
Аъзоёни комиссия мавзуи мазкурро баррасӣ намуда, пешниҳод карданд, ки Ҷамшед ва Рустам Марофиевҳо мутобиқи Низомномаи ФФТ муҷозот карда шаванд.
Кумитаи интизоми ФФТ баъди таҳлил ва баррасии ин мавзу қарор кард:
– Барои чандин маротиба вайрон кардани Низомномаи баргузории чемпионат, Ҷом ва дигар мусобиқаҳои Тоҷикистон ва мутобиқи банди 3, боби 5 ва боби 6 Низомнома нисбати Ҷамшед Марофиев қоидаҳои интизомӣ қабул карда шуда, ӯ барои якумрӣ аз тамоми фаъолити ба футбол марбут дошта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор карда шавад.
– Барои ҷиддӣ вайрон кардани Низомномаи баргузории чемпионат, Ҷом ва дигар мусобиқаҳои Тоҷикистон ва мутобиқи банди 9, боби 5 Низомнома Рустам Марофиев ба мӯҳлати се сол аз ҳуқуқи фаъолият намудан дар КФ “Хуҷанд” барканор карда шавад.
– Роҳбарияти КФ “Хуҷанд” барои минбаъд роҳ надодан ба чунин амалҳо огоҳо карда шавад ва дар сурати такроран ба амал омадани чунин ҳолатҳо нисбати клуб чораҳои қатъӣ андешида шавад.