Ҷамъомади омӯзишӣ-машқии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷамъомади омӯзишӣ-машқии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе мегузарад

Мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ҷамъомади таълимию машқии худро дар Душанбе оғоз намуд.

Ба иттилои менеҷери даста Меҳроҷиддин Холов, ҷамъомади таълимию машқии даста то 17 июл идома ёфта, дар ин давра даста як бозии санҷишӣ мегузаронад. Оиди гузаронидани бозии санҷишӣ роҳбарияти даста бо чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт ба муфоқа расиданд. Бозӣ рӯзи 16 июл баргузор мешавад.

Ёдрас месозем, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон моҳи октябри соли ҷорӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2016 ширкат мекунад. Даста дар гурӯҳи “F” бо мунтахабҳои ҷавонони Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Малдив (6 октябр) барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ рақобат хоҳад кард. Марҳилаи интихобии мусобиқа дар гурӯҳи “F” дар Душанбе мегузарад.

Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 (U-19), ки соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони ҳамаи 10 гурӯҳ ва боз аз ҳамаи гурӯҳҳо 5 дастаи ҷои дуюми соҳиби нишондиҳандаҳои баланд, роҳхат мегиранд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки агар мунтахаби ҷавонони Баҳрайн, ки мизбони марҳилаи ниҳоии мусобиқа аст,  дар гурӯҳи мо ҷои аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори панҷ дастаи соҳиби нишондиҳандаҳои баланди ҳамаи гурӯҳҳо шомил гардад, он гоҳ дастаи шашуми дорои нишондиҳандаҳои баланд ба мусобиқа роҳ меёбад.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони зери 19солаи Тоҷикистон барои ширкат дар ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев, Шаҳром Исмоилов, Муродулло Саидов (ҳама аз  «Вахш»);

Муҳофизон: Алишер Сафаров, Наврӯз Абдул (ҳар ду аз «Истиқлол»), Сироҷиддин Гулмуродов, Абубакр Азимов, Табрези Давлатмир, Алишер Баротов, Фирӯз Ризомов, Қувватбек Равшанбеков (ҳама аз «Вахш»);

Ниммуҳофизон: Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Худойдод Узоқов, Мунир Давлатбеков, Отабек Каримов (ҳама аз «Вахш»);

Ҳамлагарон: Мухаммадҷон Шарипов, Саидҷон Шарипов, Нуриддин Ҳамроқулов (ҳама аз «Вахш»), Ҳиматулло Малодӯстов («Барқи тоҷик»), Суннатулло Холов («Равшан»), Рустам Толибов (КМВА «Помир»).

Добавить комментарий