Ҷамъбасти мавсими футбол дар Федератсияи футболи Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷамъбасти мавсими футбол дар Федератсияи футболи Душанбе

Федератсияи футболи шаҳри Душанбе, ки имсол ба гирифтани унвони беҳтарин федератсияи футболи минтақавӣ дар кишвар эътироф шуд, натоиҷи солро ҷамъбаст намуда, беҳтаринҳоро муайн сохт. Ҷоизадорон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Маросими ботантанаи мукофотонии ҷоизадорони Федератсияи футболи Душанбе дар спорт-бари «Иститқлол» бо иштироки роҳбари Федератсияи футболи пойтахт Дилшод Ҷӯраев баргузор шуд.

Нахустин шуда, аз номи мураббиёну футболбозони шаҳри Душанбе ба Дилшод Ҷӯраев барои саҳми арзандаашон дар рушду инкишофи футбол дар пойтахти кишвар тӯҳфаи махсус тақдим карда шуд. Тӯҳфаро ба раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе беҳтарин бозигари сабқати байналмилалии «Тӯби чармин» дар Геленҷеки Россия Муҳаммадворис Сайдалиев тақдим намуд.

Дастаҳои Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш, ки дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Душанбе дар се синну сол – 1998-1999, 2000-2001 ва 2002-2003 ғолиб омаданд, бо ҷоизаи ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд.

Байни наврасони солҳои таваллудашон 1998- 1999 унвони чемпиони Душанберо футболбозони навраси Академияи «Истиқлол» соҳиб шуданд. Медалҳои нуқра ба дастаи МҶМОВ-2 ва медалҳои биринҷиро бошад, дастпарварони МҶМОВ ба даст дароварданд.

Байни наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001 ҷойҳои ифтихориро, мутаносибан, дастаҳои «Солор», «Истиқлол» ва МҶМОВ соҳиб гардиданд.

Байни дастаҳои футболи кӯдакони солҳои таваллудашон 2002-2003 медалҳои тилло насиби дастаҳои  «Авиатор» («биринҷӣ»), «Солор» («нуқра») ва МҶМОВ («тилло»).

Беҳтарин бозигарони Душанбе инҳо эътироф шуданд: байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999 – Шаҳром Самиев («Истиқлол»), байни наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001 – Эмомалӣ Аҳмадхон (МҶМОВ) ва миёни кӯдакони солҳои таваллудашон 2002-2003 – Шерзод Дадабаев (МҶМОВ).

Беҳтарин мураббиёни дастаҳои футболи кӯдакону наврасон инҳо эътироф шуданд: Рустам Қурбонов (Академияи «Истиқлол», с.т.1998-1999), Носир Ҳамидов (МҶМОВ, с.т. 2000-2001).

Ҷоизаи «Довари болаёқат ва ояндадор»-и пойтахтро узви Кумитаи доварони ФФТ Акобир Файзуллозода соҳиб шуд. Ҷоизаи махсуси «Барои садоқат ба кор» насиби мураббии дастаи «Городок» Фирӯз Исматов шуд. Муродулло Акназаров ва Алишер Раҳимов сазовори ҷоизаи «Бозигари ояндадор» шуданд. Мураббии дастаи «Газпром» Хуршед Пиров барои рушди футзали шаҳр бо ҷоизаи махсус сарфароз шуд. Ба собиқадорони футболи шаҳр бошад, Федератсияи футболи Душанбе тӯҳфаҳои молӣ тақдим кард.

Добавить комментарий