Ҷамъбасти бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар шаҳри Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷамъбасти бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар шаҳри Душанбе

Рӯзи чоршанбе, 12-ум апрел, бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 оид ба футбол байни бонувон дар гурӯҳи «А», ки аз 2 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шурӯъ гардида буд, ба анҷом расид.

Дастаи мунтахаби кишварамон дар бозии охиринаш  аз дастаи мунтахаби  Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Ягона голро дар дақиқаи 90+3 Салҳа Рошид Убайд Санад Рошид аз зарбаи ҷаримавӣ аз масофаи дур ба нишон расонид ва мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз зинаи панҷумро дар силсилаи ин вохӯриҳо ба даст овард.

Дар гурӯҳи «А» бо 15 имтиёз футболбозони кишвари Урдун, ки мизбони бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 мебошанд ва дар бозиҳои интихобӣ берун аз озмун ширкат варзиданд, ишғол карданд. Ба ин нигоҳ накарда футболбозони Филиппин аз  мақоми дуввум рост ба  бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтанд.

Ба ҳамин тартиб ҳамаи иштирокчиёни бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 муайян гардиданд. Инҳо дастаҳои мунтахаби бонувони Филиппин (гурӯҳи «А»), Кореяи Ҷанубӣ («В»), Таиланд («С») ва Ветнам («D») мебошанд. Дастаҳои мунтахаби Урдун (мизбон), Япония, Австралия ва Чин ҳамчун беҳтарин дастаҳои мусобиқоти соли 2014 мустақиман дар бозиҳои финалӣ иштирок мекунанд.

 

Натиҷаҳои бозиҳои ахир дар гурӯҳҳо чунин аст:

Гурӯҳи  «А». Даври 5

Амороти Муттаҳидаи Араб – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Салҳа Рошид Убайд Санад Рошид, 90+3.

Тоҷикистон: Сахина Саидова, Ҷонона Ҳалимова, Ирода Ҷӯраева, Сайрам Холназарова, Лайло Ҳалимова (Насиба Олимова, 88), Наталя Сотникова, Шукронаи Ҷумъахон, Мадинаи Искандарӣ, Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева (Марҷона Файзуллоева, 79), Зулайхо Сафарова (Дилафрӯз Шарифова, 81).

Довари майдон: Ребекка Дуркау (Австралия).

12 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

 

Урдун – Филиппин – 5:1

Голҳо: Луна ал-Масри, 15 (1:0). Майса Ҷабараҳ, 29 (2:0). Майса Ҷабараҳ, 37 (3:0). Луна ал-Масри, 48 (4:0). Стефани ал-Набер, 67 (5:0). Алиша Дел Кампо, 90+1 (5:1).

12 апрел. Душанбе. Варизшгоҳи марказӣ. 110 тамошобин.

 

Баҳрайн – Ироқ – 4:0

Голҳо: Рим Юсуф Масуд Салем ал-Хашми, 31 (1:0). Дина, 41 (2:0). Дина, 71 (3:0). Ясмин Фаёз Тобеллаҳ, 80 (4:0).

12 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 100 зрителей.

Добавить комментарий