Ҳамаи дастаҳои иштирокчии марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳамаи дастаҳои иштирокчии марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон маълум шуданд

Ҳамаи дастаҳои иштирокчии марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон-2017 маълум шуданд. Охирин дастаи иштирокчии ин марҳила “Эсхата”-и Хуҷанд шуд. “Эсхата” дар марҳилаи пешакии мусобиқа аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (4:1 ва 0:1) бар “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зафар ёфт.

Ба марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми миллӣ аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи ду бозӣ, инчунин дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳулбук» (Восе), «Сомон» (Данғара), «Зарафшон» (Панҷакент) ва «Ваҳдат» (Ваҳдат) роҳ ёфтанд. Ин дастаҳо дар марҳилаи 1\8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба ҳашт дастаи Лигаи олии мамлакат ҳамроҳ мешаванд.

Мувофиқи тақвим бозиҳои якуми 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 май ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 1-2 июн доир хоҳанд шуд.

 

Ҷоми Тоҷикистон

Марҳилаи пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

«Парвоз» – «Эсхата» – 1:0

Гол: Собир Эргашев, 50.

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Собир Эргашев («Парвоз»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири бозӣ: Турдибек Қӯшназаров (Гулистон).

17 май. ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 100 тамошобин.

Бозии якум – 1:4.

Добавить комментарий