Александр Крестинин: “Мунтахаби Тоҷикистон бисёр дастаи ҷиддӣ аст” – Федерация Футбола Таджикистана

Александр Крестинин: “Мунтахаби Тоҷикистон бисёр дастаи ҷиддӣ аст”

Дар арафаи баргузории бозии даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 29 март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад, имрӯз дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” нишасти хабарӣ бо иштироки сармураббиёни дастаҳо баргузор шуд. Аввалӣ шуда ба суолҳои хабарнигорон сармураббии мунтахаби миллии Қирғизистон Александр Крестинин ва дарвозабони даста Валерий Кашуба посух гуфтанд, ки фишӯрдаи онро ин ҷо пешкаши шумо мухлисони азизи футбол мегардонем.

Александр Крестинин, сармураббии мунтахаби миллии Қирғизистон:

– Пеш аз ҳама мехоҳам ба ҷониби қабулкунанда барои истиқболи самимонаашон изҳори сипосгузорӣ баён намоям. Пагоҳ бозӣ бисёр шавқовару ҷолиб хоҳад шуд. Боварӣ дорам, ки мухлисони зиёд ба варзишгоҳ меоянд. Чунин фикр мекунам, ки барои ба ҳамдигарӣ собит сохтан ҳар дуи дастаҳоро асосе ҳаст. Бозии пагоҳӣ – дерби маҳсуб меёбад. Бозиҳо байни тимҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамеша шавқовару диданӣ доир мешаванд. Дар бораи услуби бозии мунтахаби миллии Тоҷикистон бошад, бигзор мураббии шумо фикр кунад. Мо ин ҷо бо истифода аз фурсати муносиб ба ӯ тезтар шифоёбиро таманно дорем. Вақте ки одамон бемор мешаванд, ин бисёр бад  аст. Дар арафаи баргузории бозӣ бошад бемор шудани сармураббӣ аз ҳад зиёд  нохуб аст. Аз ин лиҳоз, ба ҳамтои худ шифои комилу оҷилро хоҳонам.  Мунтахаби Тоҷикистон бисёр дастаи ҷиддӣ аст. Тоҷикистон ниҳоят пурқувват ва гузаштнакунанда мебошад. Бозигаронаш қобилияти рақобатро доранд ва хеле хуб тӯбро идора мекунанд. Мо ба натиҷаҳои ахирӣ аҳамият намедиҳем. Мо дарк мекунем, ки пагоҳ муқобили мунтахаби мо дастаи соҳибтаҷриба ва ҳарифи тавоно бозӣ мекунад. Ман ба оне розӣ шуда наметавонам, ки дар бозии аввал муқобили Тоҷикистон дастаи мо бад бозӣ карда бошад. Мо тамоми нақшаҳоямонро дар он бозӣ амалӣ карда натавонистем. Аммо он бозиро тамошову таҳлил карда боварӣ ҳосил намудан мумкин аст, ки мунтахаби мо нисбат ба Тоҷикистон афзалият дошт. Ҳам аз рӯи контроли тӯб ва ҳам аз рӯи лаҳзаҳои голзании созмон дода шуда. Дар он бозӣ ду гол ба дарвозаи дастаи мо маҳз аз хатогии инфиродии бозигарони худамон зада шуд, ки онҳоро мо иштибоҳи даставӣ намеҳисобем. Дар бозиҳои дигар бошад мо аз ҳолатҳои хуби голзании созмондодаамон истифода карда натавонистем. Ҳатто бозӣ бо Австралияро метавонистем мусовӣ анҷом кунем. Дар ин бозӣ ҳатто дувуним баробар бештари австралиягиҳо мо ба самти дарвозаи онҳо зарба задем. Амалӣ гардонии лаҳзаҳои голзанӣ моро айни замон қонеъ намегардонад. Дар бораи бозигарони шаҳрвандкунонидашуда ҳаминро гуфтаниям, ки онҳо дар мо ду нафар ҳастанд ва бештар аз ҳашт сол мешавад, ки дар чемпионати Қирғизистон баромад мекунанд. Инҳо Даниел Тего ва Дэвид Тетте ҳастанд. Аммо агар шумо бозигарони олмонии моро дар назар дошта бошед, онҳо натурализатсия карда нашудаанд. Онҳо дар Қирғизистон таваллуд шудаанд ва ин ҷо ҳеҷ мушкиле ҷой надорад.

Валерий Кашуба, дарвозабони мунтахаби Қирғизистон:

Он гуна ки сармураббӣ қайд карданд, ман низ мехоҳам пеш аз ҳама ба мизбонон барои истиқболи гармашон сипосгузорӣ баён намоям. Халқи тоҷик бо меҳмоннавозии худ ҳамеша аз дигарон фарқ мекунад. Дар бораи бозӣ бошад ҳаминро гуфтаниям, ки интизор меравад пагоҳ бисёр бозии ҷолибу шавқовар доир гардад. Ман фикр намекунам, ки дар ин бозӣ дастае бартарият дошта бошад. Чунин мешуморам, ки ҳар ду дастаҳо шонси баробар доранд. Инчунин боварӣ дорам, ки ин бозиро мухлисони зиёде ба варзишгоҳ омада тамошо мекунанд.

Добавить комментарий