Имрӯз, 26 август, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати раиси кумита Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ доир гардида, дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Барқи тоҷик» – «Вахш» (22 август), риоя накардани банди 18-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (таҳқири сардовари бозӣ), бозигари дастаи «Вахш» Муҳамммадҷони Ҳасан аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои МТО – «Помир» (22 август), риоя накардани банди 25-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (занозанӣ бо ҳариф), бозигари дастаи «Помир» Ҳусейн Нурматов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои МТО – «Помир» (22 август), риоя накардани банди 25-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (занозанӣ бо ҳариф), бозигари дастаи «Помир» Рамз Амрохонов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои МТО – «Помир» (22 август), риоя накардани банди 25-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (занозанӣ бо ҳариф), бозигари дастаи МТО Баҳром Ғиёсов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои МТО – «Помир» (22 август), риоя накардани банди 25-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (занозанӣ бо ҳариф), бозигари дастаи МТО Парвиз Эргашев аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.