Ҷаласаи навбатии Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита Тоҳир Нурзода баргузор гардид. Дар ҷаласа қарорҳои зерин қабул шуданд:
– барои вайрон кардани банди 29 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (шумораи муқарраршудаи синну соли бозигарон) дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ байни “Ҳосилот” (Фархор) – КМВА “Помир” (Душанбе) (29 апрел), ба ҳайати ҷавонони “Ҳосилот” бохти техникӣ бо ҳисоби 0 бар 3 эълон карда шавад.
– барои вайрон кардани банди 9 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (рафтори беодобонаи футболбозон ва мухлисон) дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Ҳулбук” (Восе) – “Исфара” (Исфара) (2 май) дастаи “Ҳулбук” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 9 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (рафтори беодобонаи футболбозон ва мухлисон) дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои “Ҳосилот” (Фархор) – “Вахш” (Қӯрғонтепа) (29 апрел) дастаи “Ҳосилот” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 23 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (ҷидӣ вайрон кардани қоидаи бозӣ) дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Канд” (Конибодом) – “Саройкамар” (Панҷ) (21 апрел), бозигари дастаи “Канд” Х. Пулотов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (бадқасдона задани бозигари дастаи ҳариф) дар бозии мусобиқеи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Канд” (Конибодом) – “Саройкамар” (Панҷ) (21 апрел), бозигари дастаи “Канд” Азиз Ҳамробоев аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 18 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (баъд аз бозӣ бо суханони қабеҳ таҳқир кардани ҳайати доварон) дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Локомотив” (Душанбе) – “Зарафшон” (Панҷакент) (20 апрел), бозигари дастаи “Зарафшон” Хайём Ҳамробоев аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 33 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (даст бардоштан ва задани сардовари бозӣ) дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Локомотив” (Душанбе) – “Чашма” (Шаҳритӯз) (2 май), бозигари дастаи “Чашма” Расул Чоршанбиев аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 10 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 18 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (баъд аз бозӣ бо суханони қабеҳ таҳқир кардани ҳайати доварон) дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Локомотив” (Душанбе) –“Зарафшон” (Панҷакент) (20 апрел), бозигари дастаи “Зарафшон” Нормаҳмад Бегов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.