Ҷаласаи Кумитаи интизоми ФФТ доир шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷаласаи Кумитаи интизоми ФФТ доир шуд

Имрӯз, 23 апрел, дар конфронс-толори Федератсияи футболи мамлакат ҷаласаи Кумитаи интизомӣ таҳти раёсати раиси кумита Тоҳир Нуров доир шуд. Дар ҷаласа қарорҳои зерин қабул шуданд:

– Барои риоя накардани банди 26-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки қасдан дағалона бозӣ карданро баён мекунад, бозигари дастаи «Парвоз» Дилшод Додобоев дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» – «Хуҷанд» (18 апрел), дар ҳаҷми 300 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 21-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки рафтори бадқасдонаро баён мекунад, бозигари дастаи «Регар-ТадАз» Музаффар Сироҷиддинов дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Регар-ТадАз» – «Равшан» (11 апрел), ба маблағи 200 сомонӣ ҷарима шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шуданро баён мекунад, бозигари дастаи «Вахш»-Қӯрғонтеппа Эҳсони Панҷшанбе дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ КМВА «Помир» – «Вахш» (11 апрел), ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 16-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки дар бозӣ барои фоли «умеди охирон» бо корти сурх огоҳонида шуданро баён мекунад, бозигари дастаи «Хуҷанд» Ардашер Неъматов дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Истиқлол» – «Хуҷанд» (8 апрел) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 32-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки кӯшиши бо даст зарба задани сардовари бозиро баён мекунад, бозигари дастаи «Хуҷанд» Шероз Рустамзода дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» – «Хуҷанд» (17 апрел) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар чор бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 20-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки бо суханони қабеҳ таҳқири ёвари сардовари бозиро баён мекунад, бозигари дастаи «Парвоз» Аслан Ҷабборов дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» – «Хуҷанд» (17 апрел) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

Добавить комментарий