Ҷаласаи Кумитаи интизоми ФФТ доир шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷаласаи Кумитаи интизоми ФФТ доир шуд

Имрӯз, 3 июл, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи интизом баргузор гардид, ки дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:

– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» – «Хайр» (28 июн), риоя накардани банди 32-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (кӯшиши расонидани таъсири ҷисмонӣ ба довар), бозигари дастаи «Парвоз» Маъруф Марифбоев аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Барқи тоҷик» (27 июн), риоя накардани банди 18-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (таҳқири сардовари бозӣ), бозигари дастаи «Барқи тоҷик» Ҳокимҷон Ҳасанов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 300 (сесад) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» – «Хайр» (28 июн), риоя накардани банди 24-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (зарба задан ба рӯи бозигари ҳариф), бозигари дастаи «Хайр» Идибек Ҳабибуллоев аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» – «Хайр» (28 июн), халалдор кардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (ду маротиба дар як бозӣ бо корти зард огоҳонида шудан), бозигари дастаи «Хайр» Жаке Нана Сефах аз ҳуқуқи дар як бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 (сесад) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Зарафшон» – «Локомотив» (26 июн), риоя накардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан), бозигари дастаи «Зарафшон» Хайём Усмонов аз ҳуқуқи дар як бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 (сесад) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Кӯктош» – «Эсхата» (28 июн), риоя накардани банди 6-и боби 2-и Кодекси интизоми ФФТ (таҳқири ёвари сардоварӣ вохӯрӣ баъд аз анҷоми  бозӣ), сармураббии дастаи «Кӯктош» Ҳикмат Шарипов аз ҳуқуқи ҳузур доштан дар минтақаи техникӣ дар се бозии навбатии даста маҳрум карда шавад.

– Барои дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Зарафшон» – «Локомотив» (26 июн), риоя накардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан), бозигари дастаи «Локомотив» Бахтиёр Бӯриев аз ҳуқуқи дар як бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 100 (сад) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Кӯктош» – «Эсхата» (28 июн), риоя накардани банди 33-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (баъд аз анҷоми бозӣ бо шатта здани ёвари сардоварӣ вохӯрӣ), бозигари дастаи «Кӯктош» Равшан Содиров аз ҳуқуқи иштирок дар даҳ бозии навбатии даста маҳрум карда шуда, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Ҳулбук» – «Канд» (28 июн), риоя накардани банди 20-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (суханони қабеҳ гуфтан нисбати сардовари бозӣ), бозигари дастаи «Канд» Илҳом Иброҳимов аз ҳуқуқи иштирок дар се бозии навбатии даста маҳрум карда шавад.

– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Барқи тоҷик» (26 июн), риоя накардани банди 23-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (рафтори бадқасдона), бозигари дастаи «Хуҷанд» Шокир Зиёев аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда  шавад.

– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» – «Далерон-Уротеппа» (27 июн), риоя накардани банди 20-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (суханони қабеҳ гуфтан нисбати сардовари бозӣ), бозигари дастаи «Далерон-Уротеппа» Сироҷиддин Иноятов аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда  шавад.

– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» – «Далерон-Уротеппа» (27 июн), риоя накардани банди 20-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (суханони қабеҳ гуфтан нисбати сардовари бозӣ), бозигари дастаи «Далерон-Уротеппа» Умедҷон Кенҷаев аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда  шавад.

Добавить комментарий