Ғалабаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар ҳамсолони худ аз Қирғизистон – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар ҳамсолони худ аз Қирғизистон

Мунтахаби ҷавонони зери сини 19-соли Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии дӯстона бар ҳамсолони қирғизи худ бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Бозӣ рӯзи 21 июн дар Бишкек доир гардид.

Голҳои мунтахаби моро Атҳамҷон Абдуллоев ва Далер Ёдгоров ба самар расонданд. Бозӣ дар майдони Маркази футболи Федератсияи футболи Қирғизистон баргузор шуд.

Рӯзи шанбеи 24 июн дастаҳои мунтахби ҷавонони Қирғизистону Тоҷикистон бозии дуюми санҷишии худро доир менамоянд. Ин бозӣ низ дар Бишкек баргузор хоҳад шуд.

 

Бозии дӯстона 

Қирғизистон (U-19) – Тоҷикистон (U-19) – 0:2

Голҳо: Атҳамҷон Абдуллоев, 6 (0:1). Далер Ёдгоров, 30 (0:2).

Тоҷикистон (U-19): Ҳомидҷон Исоқов, Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Оятулло Сафаров, Кароматулло Саидов, Шервони Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Атҳамҷон Абдуллоев.

Дар ивазшавӣ ба майдон баромаданд: Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Саидмухтор Азимов, Сорбон Авғонов, Умарҷон Шарипов,  Мубинҷон Муминов.

Сардовар: Тимур Файзуллин (Қирғизистон).

21 июн. Бишкек. Майдони Маркази футболи ФФҶҚ.

Добавить комментарий