Ғалабаи КМВА «Помир» бар дастаи «Барқчӣ» дар бозии мавқуфгузошташуда – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи КМВА «Помир» бар дастаи «Барқчӣ» дар бозии мавқуфгузошташуда

Дар бозии мавқуфгузоштаҳудаи даври чордаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон КМВА “Помир” дар майдони худ “Барқчӣ”-и пойтахтро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб кард. Голҳои мудофиачиёнро Парвиз Кашкаров дар дақиқаи 33-юм ва Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 90+6 ба самар расонданд. Баъди ин ғалаба шумораи имтиёзҳои КМВА “Помир” бо шумораи имтиёзҳои “Регар-ТадАЗ” баробар шуд ва металлургҳо бо мудофиачиён мутаносибан, дар  зинаҳои сеюму чоруми ҷадвали мусобиқа қарор доранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки “Регар-ТадАЗ” нисбат ба КМВА “Помир” як бозӣ камтар гузаронида аст.

Алоқамандона ба иштироки мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии байналмилалии санҷишӣ бот ими миллии Фаластин (5 октябр) дар Лигаи олии Тоҷикистон танаффуси кӯтоҳмуддат эълон мешавад. Бозиҳои даври навбатӣ дар Лигаи олии мамлакат рӯзҳои 15-15 октябр доир мешаванд.

Рӯзи шанбеи 1-уми октябр, ду бозии марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон доир мешавад. “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ҳосилот” дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор “Хуҷанд”-и Хуҷандро қабул мекунанд. Оғози ин бозиҳо соати 16.00.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Бозии мавқуфгузоштаи даври 14-ум

КМВА «Помир» – «Барқчӣ» – 2:0

Голҳо: Парвиз Кашкаров, 33 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 90+6 (2:0).

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Акмал Сабуров, Сефах Джек Нана, Комрони Мирзохон, Фирдавс Чакалов, Комрони Мирзонаҷот, Андох Наполеон, Шамсиддин Қосимов (Шарафҷон Солеҳов, 90+3), Шодибек Ғаффоров, Парвиз Кашкаров (Рустам Толибов, 89), Давронҷон Тухтасунов (Сӯҳроб Муминов, 90+6).

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Ҳусейн Нурматов, Соҳиб Саванкулов, Алишери Ҳотам (Мунир Давлатбеков, 80), Ваҳдат Ханонов, Зиёвуддин Фузайлов (Нумон Зокиров, 90), Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов, Отабек Каримов (Хуршед Маҳмудов, 61), Нуриддин Ҳамроқулов, Амирҷон Сафаров.

Огоҳонида шуданд: Комрони Мирзонаҷот, Сефах Джек Нана, Шамсиддин Қосимов, Фирдавс Чақалов, Рустам Толибов (КМВА «Помир»), Соҳиб Саванкулов, Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Акмал Сабуров (КМВА «Помир»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш) – 8,4 хол.

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қабодиён).

Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

29 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 400 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 14 10 3 1 46-15 33
2 «Ҳосилот» (Фархор) 14 8 4 2 28-13 28
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 13 7 2 4 30-14 23
4 КМВА «Помир» (Душанбе) 14 7 2 5 19-11 23
5 «Барқчӣ» (Душанбе) 13 6 2 5 20-18 20
6 «Хайр» (Ваҳдат) 14 5 4 5 20-22 19
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 14 5 3 7 19-28 18
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 14 5 1 8 13-31 16
9 «Равшан» (Кӯлоб) 14 2 3 9 15-36 9
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 14 1 2 11 10-32 5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 15 гол, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 9 голӣ, Агблей Джонес («Хайр») – 8 гол, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 7 гол.

 

Ҷоми Тоҷикистон

Бозиҳои якуми ниманиҳоӣ

1 октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 16.00

«Истиклол» – «Равшан»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Ҳосилот» – «Хуҷанд»

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 16-ум

15 октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

«Парвоз» – «Хуҷанд»

16 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо  соати 16:00

КМВА «Помир» – «Хайр»

«Вахш» – «Ҳосилот»

Добавить комментарий