Ғалабаи «Истиқлол» бар «Панҷшер» пеш аз бозии Ҷоми КФО бо «Олой» – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи «Истиқлол» бар «Панҷшер» пеш аз бозии Ҷоми КФО бо «Олой»

Дар бозии даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи «Истиқлол» бар «Панҷшер» -и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шоми дирӯз бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин бозӣ як навъ санҷише буд пеш аз вохӯрии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо дастаи «Олой»-и Қирғизистон, ки 18-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар ин дидор Манучеҳр Ҷалилов ва Дмитрий Барков аз дастаи «Истиқлол» ва Беҳрӯз Ниёзов аз «Панҷшер» голҳоро ба самар расониданд.

Сармураббии дастаи «Истиқлол» Мӯҳсин Муҳаммадиев дар вохӯрӣ бо дебютанти чемпионати имсола – «Панҷшер» ҳайати озмоиширо ба бозӣ гузошта, пеш аз рақобати даври сеюми Ҷоми КФО бо чемпиони Қирғизистон – «Олой» ба баъзе бозингарон истироҳат дод.  Аз ин рӯ дар муқобили «Панҷшер» бозии истиқлолиҳо он қадар тезутунд набуд ва танҳо голҳои Манучеҳр Ҷалилов, аз пеналтӣ дар дақиқаи 20-ум ва Дмитрий Браков дар дақиқаи 66-ум ғалабаро ба дастаи «Истиқлол» насиб гардониданд.

Дар ин давр, имрӯз  «Регар-ТадАЗ» бо КМВА «Помир» ва 16-уми апрел «Барқчӣ» бо «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» бо «Вахш» қувва меозмоянд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6

«Истиқлол» – «Панҷшер» – 2:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 20 – аз  пеналтӣ (1:0). Беҳрӯз Ниёзов, 58 (1:1). Дмитрий Барков, 66 (2:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Дэвид Мавутор, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарифов (Нуриддин Давронов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Ромиш Ҷалилов, Ҷахонгир Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов (Дмитрий Барков, 46).

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Сафар Наботов, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Руслан Тиллоев, Беҳрӯз Ниёзов, Шавкат Худойназаров, Абдухалил Боронов, Ҳасан Холов, Фаррух Фузайлов, Алишер Салимов (Сорбон Авғонов, 90+2), Фирдавс Зайнуллозода (Ҳусейн Умаров, 55).

Огоҳӣ: Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Ниёзов, Равшан Азизов («Панҷшер»).

Бозингари беҳтарин: Ҷаҳонгир Алиев («Истиқлол»).

Довари майдон: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

14 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе. 500 тамошобин

Добавить комментарий