Ғалабаи «Истиқлол» бар дастаи «Хуҷанд» – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи «Истиқлол» бар дастаи «Хуҷанд»

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе 8 май дар бозии мавқуфгузоштаи даври чоруми чемпионати  Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ бар  дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Ҳарсе голро ҳимоятгарон ба ҳадаф расониданд. Артём Барановский, легионери украинии дастаи «Истиқлол» дар дақиқаи 13-уми нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Баъдан Фарҳод Восиев дар дақиқаи 68-ум голи дуюми дастаи «Истиқлол»-ро ба дарвозаи «Хуҷанд» ворид намуд. Як голи мизбононро капитани дастаи «Хуҷанд» Манучеҳр Аҳмадов дар дақиқаи 83-юм ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол» бо 19 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаи  КМВА «Помир»-и  Душанбе бо 16 имтиёз дар зинаи дуюм ва  дастаи «Хуҷанд» бо 14 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои даври даҳуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 12-14 май баргузор мешаванд. Дар он дастаҳои «Ҳосилот» бо «Истиқлол» (12 май), «Регар-ТадАЗ» бо «Вахш» (13 май), «Барқчӣ» бо КМВА «Помир» ва «Панҷшер» бо «Хуҷанд» (14 май) байни ҳам рақобат мекунанд.

Добавить комментарий