Ғалабаи “Хуҷанд” бар “Далерон” ва бохти “Барқи тоҷик” аз “Хайр” – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи “Хуҷанд” бар “Далерон” ва бохти “Барқи тоҷик” аз “Хайр”

Имрӯз, 26 сентябр, ду бозии даври чордаҳуми чемпионати Тоҷикистон баргузор  шуд.

“Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ “Барқи тоҷик”-и Душанберо қабул карда, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Голи ягона ва ғолибиятро дар дақиқаи 70-уми бозӣ Муҳсинҷон Парпиев ба самар расонд.

Дар дербии суғдӣ миёни “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бошад, ғалаба насиби дастаи соҳили Сирдарё шуд. Голҳои “Хуҷанд”-ро Фарҳод Тоҳиров ва Дилшод Бозоров ба щадаф расониданд. Як голи истаравшаниҳоро аз пеналти Абдусамад Ҳоҷибоев зад. Баъд аз ин ғалаба дружинаи Нумонҷон Юсупов бо 33 имтиёз мақомашро дар зинаи дуюми ҷадвали чемпионат мустаҳкамтар сохт.

Пагоҳ, 27 сентябр, КМВА “Помир” дар майдони худ аутсайдери чемпионати имсолаи кишвар “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул мекунад.

Ёдовар месозем, ки ду бозии даври чордаҳум миёни бошгоҳҳои футболи  “Равшан” – “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” – “Вахш” ба  вақти дигари мавқуфтар гузаронида шуданд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум

«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» «ХУҶАНД» 1:2

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 2 (0:1). Дилшод Бозоров, 44 (0:2). Абдусамад Ҳоҷибоев, 79 – аз пеналти (1:2).

 

«ХАЙР» «БАРҚИ ТОҶИК» 1:0

Гол: Муҳсин Парпиев, 70.

 

27 сентябр (якшанбе)

Оғоз соати 16:00

КМВА «ПОМИР» «ПАРВОЗ»

СардоварСайёд Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Беҳрӯз Муртазоев, Амирҷон Хоркашев (ҳар ду аз Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Эркин Мадибоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 13 12 1 0 49-2 37
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 14 10 3 1 28-10 33
3 «Равшан» (Кӯлоб) 13 8 2 3 30-22 26
4 «Хайр» (Ваҳдат) 14 7 3 4 18-23 24
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 13 6 5 2 19-10 23
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 13 5 2 6 9-14 17
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 14 3 3 8 15-24 12
8 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 14 2 2 10 10-24 8
9 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 13 1 4 8 4-25 7
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 13 0 1 12 3-31 1

НишонзанҳоҲусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 15 гол, Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 14 гол, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») –  8 голӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 5 голӣ.

Добавить комментарий