Ғалабаи бузурги «Регар-ТадАЗ» дар даври ҷамъбастӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи бузурги «Регар-ТадАЗ» дар даври ҷамъбастӣ

Дар даври мавқуфгузоштаи 8-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби калони 5 бар 0 шикаст дод.

Ду голи металлургчиёнро ниммуҳофизи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ромиш Ҷалилов ва як голиро Акбар Бобомуродов, Комрон Турсунов ва Меҳроҷиддин Музаффаров ба нишон расонданд.

Дар бозии дигари ин давр, ки дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров байни «Парвоз» ва «Вахш» доир гардид, ғолиб маълум нашуд. Бозӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Пагоҳ, 19 июн, бо баргузории се бозии даври мавқуфгузоштаи 8-ум, қисми якуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст мешавад. Дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ «Истиқлол» КМВА «Помир»-ро қабул мекунад. Оғози ин бозӣ соати 19.00 ба нақша гирифта шудаст. «Хайр» дар шаҳри Ваҳдат бо «Ҳосилот»-и Фархор ва «Хуҷанд» дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо «Барқчӣ» вомехӯранд. Оғози ду бозии охир соати 18.00.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 8-ум

«Парвоз» – «Вахш» – 0:0

«Парвоз» (Бобоҷон Гафуров): Соҳибҷон Эргашев, Асатулло Нуруллоев, Рустам Домуллоҷонов, Далер Бердиқулов, Абдурашид Мирхолиқов, Руслан Таваккалов, Олим Ҳоҷиматов (Шоҳрух Тошматов, 66), Абдураҳмон Қурбонов, Диловар Бойкузиев, Аваз Норкузиев (Бахтовар Зокиров, 82), Меҳрулло Бобоев.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳодур Толибов, Азимҷон Раҳмонов, Ҷамолиддин Зардиев (Нумонҷон Ҳакимов, 51), Эҳсон Бобоев, Собир Холматов, Алексей Негматов, Улуғбек Абдулхайров, Холмурод Назаров, Умедҷон Шарипов, Худойдод Узоков  (Умарҷон Шарипов, 70), Аҳтам Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Асатулло Нуруллоев, Соҳибҷон Эргашев («Парвоз»), Улуғбек Абдулхайров, Умедҷон Шарипов, Алексей Негматов («Вахш»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Далер Бердиқулов («Парвоз»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Турдибек Қӯшназаров (Гулистон).

18 июн. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгох». 500 тамошобинон.

 

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» – 5:0

Голҳо: Акбар Бобомуродов, 13 (1:0). Комрон Турсунов, 21 (2:0). Ромиш Ҷалилов, 29 (3:0). Ромиш Ҷалилов, 44 – аз пеналти (4:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 90+1 (5:0).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев, Алишер Шарипов, Фарҳод Холбеков (Дороб Эргашев, 46), Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Фирӯз Қараев (Азиз Бегов, 66), Акбар Бобомуродов, Комрон Турсунов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 83), Ромиш Ҷалилов.

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Фаридун Қосимов (Хисрав Носиров, 71), Далер Чолов, Аваз Қамчинов (Бахтиёр Комилов, 76), Музаффар Назаров, Саидхони Амрохон, Абубакр Азимов, Комрони Саидзод (Муҳаммадҷон Сайфиддинов, 56), Фаридун Рустамов, Абдураҳмон Нозимов, Сайдамири Сайдаҳмад.

Огоҳонида шуданд: Абубакр Азимов, Музаффар Назаров («Равшан»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

18 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 2700 тамошобинон.

 

19 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 18:00

«Истиқлол» – КМВА «Помир»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Ҳасан Каримов (Норак), Мурод Қӯрбонов (Хуҷанд).

Довари эҳтиётӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

«Хуҷанд» – «Барқчӣ»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Ёварон: Дилшод Назипов (Ҳисор), Исмоил Нуралиев (Норак).

Довари эҳтиётӣ: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири эҳтиётӣ: Шӯҳрат Шамсиев (Истаравшан).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

«Хайр» – «Ҳосилот»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Ёварон: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Довари эҳтиётӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 6 2 0 27-9 20
2 «Ҳосилот» (Фархор) 8 4 3 1 12-8 15
3 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 4 2 3 15-15 14
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 4 1 4 17-11 13
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 8 4 1 3 11-7 13
6 «Барқчӣ» (Душанбе) 8 4 1 3 12-12 13
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 4 0 4 8-14 12
8 «Хайр» (Ваҳдат) 8 3 3 2 13-6 12
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 1 2 6 7-17 5
10 «Равшан» (Кӯлоб) 9 0 1 8 8-30 1

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 гол, Агблей Джонес («Хайр») – 7 гол, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 6 гол, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш») – 5 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Андох Наполеон (КМВА «Помир») –  4 голӣ.

Добавить комментарий