Ғалабаи ҳафтуми “Истиқлол” пеш аз танаффус дар чемпионати Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи ҳафтуми “Истиқлол” пеш аз танаффус дар чемпионати Тоҷикистон

Чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт дар бозии мавқуфгузоштаи даври ҳафтуми Лигаи миллии футболи мамлакат, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ғолиб шуд. Голи ягона ва ғолибияти чемпионро ниммуҳофизатгар Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 64 бозӣ ба самар расонид. Баъди ин ғалаба “Истиқлол” бо 21 имтиёз аз ҳафт бозӣ мавқеи пешсафияшро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкамтар кард. Зинаи дуюми ҷадвалро “Хуҷанд” ишғол мекунад, ки нисбати “Истиқлол” ҳафт имтиёз камтар дорад.

Алоқамандона ба омодагӣ ва иштироки тими миллии кишвар дар марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар чемпионати Тоҷикистон то 20 июн танаффус эълон мешавад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Бозии мавқуфгузоштаи даври 7-ум

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Фатҳулло Фатҳуллоев, 64

“Истиқлол” (Душанбе): Алишер Тӯйчиев. Эраҷ Раҷабов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 56). Петро Ковалчук (Сиёвуш Асроров, 46).  Хосе Баллестер. Аҳтам Назаров. Нуриддин Давронов.  Умед Шарипов.  Парвиз Умарбаев.  Алишер Сафаров.  Ромиш Ҷалилов (Дилшод Восиев, 46),  Манучеҷр Ҷалилов.

 “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода): Алишер Додов. Далер Тухтасунов. Ойбек Абдуғгаффоров. Фарҳод Холбеков (Нуъмон Зокиров, 80). Бахтиёр Азимов. Фаррух Чориев. Расул Пайзов. Абдулло Саидов.  Музаффар Сироҷиддинов (Даврон Мирзаев, 67). Комрон Турсунов. Комил Саидов.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев (“Истиқлол”).

Огоҳонида шуд: Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”).

Сардовар: Парвиз Муртазоев (“Душанбе) – 7.0 хол.

Нозири бозӣ: Шариф Назаров (Душанбе).

29 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқдол» (Душанбе) 7 7 0 0 28-2 18
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 7 4 2 1 12-5 14
3 «Хайр» (Ваҳдат) 7 4 1 2 12-11 13
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 7 3 3 1 11-7 12
5 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 7 3 2 2 9-5 11
6 «Равшан» (Кӯлоб) 7 3 1 3 10-15 10
7 КМВА «Помир» (Душанбе) 7 2 1 4 5-11 7
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 7 1 3 3 2-7 6
9 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 7 1 1 5 3-13 4
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 7 0 0 7 0-16 0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») –  4 голӣ, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ, Комрон ТУРСУНОВ (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 3 голӣ.

 

Бозиҳои боқимондаи ду даври қисми якуми чемпионат:

Даври 8-ум

20 июн (шанбе)

Оғоз соати 18:30

«Далерон-Уротеппа» – КМВА «Помир»

«Регар-ТадАЗ» – «Парвоз»

«Хайр» – «Истиқлол»

«Вахш» – «Хуҷанд»

«Барқи тоҷик» – «Равшан»

 

Даври 9-ум

27 июн (шанбе)

Оғоз соати 18:30

«Хуҷанд» – «Барқи тоҷик»

«Парвоз» – «Хайр»

КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

«Равшан» – «Далерон-Уротеппа»

28 июн (якшанбе)

Оғоз соати 18:30

«Истиқлол» – «Вахш»

Добавить комментарий