«Ал-Файсалӣ»-и Урдун ба Душанбе расид – Федерация Футбола Таджикистана

«Ал-Файсалӣ»-и Урдун ба Душанбе расид

Субҳи имрӯз клуби футболи «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ҷиҳати иштирок дар бозии даври ифтитоҳии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 муқобили чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и пойтахт ба Душанбе омад.

Дастаи меҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони «Истиқлол» пешвоз гирифтанд. Баъди гузаштани назорати сарҳадиву шиносномавӣ ҳайати намояндагии чемпиони дукаратаи Урдун тавассути автобус ба меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси Душанбе» раҳсипор шуда, он ҷо ҷойгир шуданд. Ситоди мураббиёни «Ал-Файсалӣ» ба бозӣ муқобили «Истиқлол» бо худ 19 нафар бозигаронро ҳамроҳ овардаст. Имрӯз бегоҳӣ соати 18.00 дастаи урдунӣ аввалин тамрини худро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мегузаронад.

Ёдовар мешавем, ки бозӣ рӯзи 23 феврал, соати 16.00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад. Фурӯши билетҳо ба бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 миёни «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун) оғоз шуд. Билетҳоро метавонед аз хазинаҳои варзишгоҳи марказии Душанбе ва мағозаи бошгоҳии «Joma» (суроға: хиёбони Рӯдакӣ-85) харидорӣ кунед. Нархи як билет барои нишастгоҳи ғарбии варзишгоҳ 25 сомонӣ ва барои дигар самтҳои варзишгоҳ (шарқӣ, шимолӣ  ва ҷанубӣ) 15 сомонӣ муқаррар шудаст. Баъд аз анҷоми бозӣ, инчунин бозии лотореяи варзишӣ гузаронида мешавад, ки мухлисон аз рӯи билетҳои вуруди бозӣ имконияти бурди се адад телефонҳои «iPhone 6»-ро доранд.

 

Ҳайати «Ал-Файсалӣ» барои бозӣ бо «Истиқлол»:
Дарвозабонҳо — Муҳаммад Маҳмуд Шатнави, Тамер Салах, Нуриддин Зайд Халил.
Муҳофизон — Муса Сами Бара, Сами Ибрагим Диаб, Махмуд Сулейман Салим, Абдулкарим Халифа Юсуф, Мухаммад Ясир, Абдуллах Абукуддус Маин.
Нимуҳофизон — Муҳаммад Махер, Фавзи Махди, Абдулла Анас, Зайд Халил, Мухаммад Нахар, Ахмад Насир Ал-Халил.
Ҳамлагарон — Махмуд Бакит Ясин, Сулейман Омар Муайяд, Мухаммад Ал-Рифаи (Сурия), Абдулрахман Али Ред.

Добавить комментарий