Аккредитатсияи ВАО дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 – Федерация Футбола Таджикистана

Аккредитатсияи ВАО дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016

Ба таваҷҷӯҳи кормандони васоити ахбори омма! Федератсияи футболи Тоҷикистон қабули дархостҳоро барои аккредитатсия дар бозиҳои гурӯҳи “F”-и марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 оғоз мекунад. Марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи “F” аз 2 то 6 октябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад ва дар он дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, Баҳрайн, Ироқ ва Молдив ширкат мекунанд.

Дархостҳо барои аккредитатсия якҷоя бо як дона расми 3Х4 ба почтаи электронии s_faridun@mail.ru фиристонида мешаванд. Қабули дархостҳо то соати 16:00 санаи 25 сентябр. ДАРХАСТҲОЕ, КИ БАЪД АЗ МӮҲЛАТИ МУҚАРРАРГАРДИДА ФИРИСТОНИДА МЕШАВАНД, БАРРАСӢ НАМЕШАВАНД!

Аккредитатсияҳо се навъ мешаванд: барои рӯзноманигорони матлаб таҳиякунанда, рӯзноманигорони расмгир ва рӯзноманигорони наворбадор. Аз ин лиҳоз, бояд дар дархост навъи фаъолият аниқ нишон дода шавад.

Аккредитатсия ба рӯзноманигорон амалҳои зеринро кафолат медиҳад:

  1. Вурудшавии озод ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар рӯзҳои гузаронидани бозиҳо.
  2. Ҷой дар ложаи рӯзноманигорон барои хабарнигорони матлаб таҳиякунанда
  3. Рӯзноманигорони расмгир ва наворбардор ҳангоми баргузории бозиҳо ҳуқуқ доранд, ки дар пушти тахтаҳои таблиғотии дар паси дарвозаҳои майдони футболбозӣ гузошташуда, қарор дошта бошанд.
  4. Рӯйхати ҳайати аввалии дастаҳоро дастрас кунанд.
  5. Мусоҳиба бо мураббиён ва бозигарони дастаҳо.
  6. Иштирок дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ.

Дар бораи макони ба рӯзноманигорон додани аккредитатсияҳо ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.

Қайд мекунем, ки аккредитатсияҳои барои иштирок дар бозиҳои “Истиқлол” дар Ҷоми КФО-2015 ва инчунин барои ширкат дар бозиҳои тими миллӣ дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018, дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 қобили қабул нестанд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефонҳои 918-66-73-87 ва ё 9111-000-14 ба роҳбари дафтари матбуоти ФФТ Фаридун Солиев дар тамос шавед.

Добавить комментарий