Аккредитатсияи хабарнигорон анҷом меёбад – Федерация Футбола Таджикистана

Аккредитатсияи хабарнигорон анҷом меёбад

Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон аккредитатсияи хабарнигоронро барои иштирок дар бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” идома медиҳад. Мусобиқаи  мазкур аз 2 то 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ширкати мунтахабҳои ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, Ироқ, Баҳрайн ва Молдив баргузор мешавад.

Аккредитатсия хабарнигорон имрӯз, 25 сентябр, анҷом мешавад. Рӯзноманигороне, ки то ин дам фурсат пайдо накарданд, имкон доранд, то соати 16.00-и имрӯз дархостҳои худро бо як дона  расми 3х4 ба почтаи электронии s_faridun@mail.ru фиристонида мешаванд. ДАРХАСТҲОЕ, КИ БАЪД АЗ МӮҲЛАТИ МУҚАРРАРГАРДИДА ИРСОЛ МЕГАРДАНД, БАРРАСӢ НАМЕШАВАНД!

Аккредитатсияҳо се навъ мешаванд: барои рӯзноманигорони матлаб таҳиякунанда, рӯзноманигорони расмгир ва рӯзноманигорони наворбадор. Аз ин лиҳоз, бояд дар дархост навъи фаъолият аниқ нишон дода шавад.

Аккредитатсияҳо рӯзи 1-уми октябр дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ, ки дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” доир мешавад, ба хабарнигорони аккредитатсияшуда дода мешаванд.

Қайд мекунем, ки аккредитатсияҳои барои иштирок дар бозиҳои “Истиқлол” дар Ҷоми КФО-2015 ва инчунин барои ширкат дар бозиҳои тими миллӣ дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018, дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 қобили қабул нестанд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефонҳои 918-66-73-87 ва ё 9111-000-14 ба роҳбари дафтари матбуоти ФФТ Фаридун Солиев дар тамос шавед.

Добавить комментарий