Ҳаким Фузайлов: «Вазифаи мо – баромадан ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2019 аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳаким Фузайлов: «Вазифаи мо – баромадан ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2019 аст»

Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар маросими қуръакашии бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019, ки дар шаҳри Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ширкат варзида, аз натиҷаи он қаноатмандӣ изҳор кард.

«Аз натиҷаи қуръакашӣ қаноатмандам. Чунин меҳисобам, ки дар бозиҳои интихобӣ дастаҳо ҳама баробаранд, шояд ба ҷуз дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Урдун, ки дар сабади якум ҷойгир буданд. Дар гурӯҳи мо дастаи сусту заиф нест. Аз ин рӯ бояд бо тайёрии пухта вориди рақобатҳо шавем. Вазифаи мо ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 баромадан аст. Боварӣ дорам, ки мо аз иҷрои ин вазифа баромада метавонем»,-гуфт Ҳаким Фузайлов.

Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи қуръакашӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо мунтахабҳои Филиппин, Яман ва Непал барои ду роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 мубориза мебарад.

Мувофиқи раддабандии ахирии ФИФА Филиппин дар мақоми 117-ум, Яман дар 149-ум ва Непал дар зинаи 181-ум қарор доранд.

Добавить комментарий