Ҳаким Фузайлов мунтахаби миллиро рӯзи 18 май ҷамъ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳаким Фузайлов мунтахаби миллиро рӯзи 18 май ҷамъ мекунад

Сармураббии нави мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов рӯзи 18 май мунтахаби миллии Тоҷикистонро бо мақсади гузаронидани тамрини шиносоӣ бо бозигарон ҷамъ мекунад.

Худи бегоҳи ҳамон рӯз ҳайати мунтахаби миллӣ ба ду қисм ҷудо шуда, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳамдигар бозии “санҷишӣ” мегузаронад. Ҳаким Қаюмович барои иштирок дар ин чорабинӣ 28 бозигарро даъват кардаст, ки аз онҳо 3 нафарашон дарвозабон, 8 нафарашон муҳофизатгар, 13 нафарашон нимуҳофизатгар ва 4 нафарашон ҳамлагар мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 7 июн дар бозиҳои плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муцобили мунтахаби бангладеш иштирок мекунад. Бозии аввал рӯзи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва бозии ҷавобӣ рӯзи 7 июн дар Даккаи Бангладеш доир хоҳанд шуд.

 

Ҳайати кушоди мунтахаби милии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло Бобоев (КМВА «Помир»);

Муҳофизон: Дороб Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд»), Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), Эраҷ Раҷабов («Хайр»), Ҳасан Рустамов («Ҳосилот»);

Ниммуҳофизон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳар ду аз «Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев, Фаридун Шарипов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (ҳама аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Ҳосилот»), Парвиз Кашкаров (КМВА «Помир»), Худойдод Узоков, Умедҷон Шарипов (ҳар ду аз «Вахш»), Фирӯз Қараев, Ромиш Ҷалилов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»).

Добавить комментарий