Ҳаким Фузайлов: «Мунтахаби Фаластин дастаи пурқувват аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳаким Фузайлов: «Мунтахаби Фаластин дастаи пурқувват аст»

Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар арафаи баргузории бозии санчишӣ байни тимҳои миллии Фаластину Тоҷикистон, ки пагоҳ дар варзишгоҳи «Дура»-и Хеврон доир мешавад, назари худро нисбати дастаи ҳариф баён кард. 

Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон:

– Пеш аз ҳама, мехоҳам ба соҳибони майдон барои истиқболи гарму самимонаашон сипосгузорӣ баён намоям. То он ҷое, ки ман медонам, қаблан мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Фаластин бо ҳам во нахӯрдаанд. Пагоҳ вохӯрии якуми ин мунтахабҳо дар Хеврон ва баъдтар бозии ҷавобӣ дар Душанбе доир мешавад. Мо аз ин бозиҳо чиро интизорем? Мо ба бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2019 омодагӣ дида истодаем ва албатта, вазифаҳои муайяни худро дорем. Дар бораи мунтахаби миллии Фаластин ҳаминро гуфта метавонам, ки даста дастаи кофӣ пурқувват аст. Мо сабти бозиҳои мунтахаби миллии Фаластинро дар бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии чемпионати ҷаҳон-2018 тамошо кардем. Инчунин, бозиҳои мунтахаби миллии Фаластинро муқобили дастаҳои гуногун низ аз назар гузарондем. Ва аз тамошои ин бозиҳо барои худ натиҷагирӣ кардем, ки фаластиниҳо ҳам дар футболи муҳифозатӣ ва ҳам дар футболи ҳамлакунӣ бозӣ карда метавонанд. Дар ҳайати дастаи рақиб бозигароне ҳастанд, ки бисёр бо суръати тез бозӣ мекунанд. Ба ин тартиб, дар бораи дастаи ҳариф маълумоти кофӣ дорем, ӯро эҳтиром мекунем, аммо дар ҳеҷ маврид ҳарос надорем. Фикр мекунам, рақобати мо бо дастаи Фаластин барои мухлисон аҷиб ва тамошобоб мешавад.

Нуриддин Давронов, капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон:

– Чӣ хеле, ки сармураббиямон қайд карданд, бозии пагоҳ аввалин вохӯриест, ки  дар сатҳи тимҳои миллӣ байни мову Фаластин доир мешавад. Мо бо мунтахаби ҷавонони Фаластин ду сол пеш дар марҳилаи гурӯҳии Бозиҳои осиёӣ дар Гуанчжоу вохӯрдем. Мутаассифона,  он вохӯриро мо бо ҳисоби 1 бар 2 бохтем. Аммо, ин дар гузашта буд. Пагоҳ моро бисёр бозии шавқовар интизор аст. Дар мо айни замон дастаи нави ҷавон  созмон дода шуда истодаст. Ба ин бозӣ мо дар Душанбе омодагӣ гирифтем. Ҳамчун капитани даста ҳаминро гуфта метавонам, ки ҳамаи бачаҳо ба бозӣ омоданд ва хоҳиши бозӣ карданро доранд Ҳолат дар тими миллииямон хуб аст. Ва якдигарро дастгирӣ мекунем. Кӯшиш мекунем, ки пагоҳ бозии хуб нишон дода, натиҷаи дилхоҳро соҳиб шавем.

Добавить комментарий