Ҳаким Фузайлов дар қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 иштирок мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳаким Фузайлов дар қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 иштирок мекунад

Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар маросими қуръакашии марҳилаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 иштирок хоҳад кард.

Қуръакашии мусобиқа имрӯз, 23 январ, дар Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб доир мешавад.

Дар марҳлаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб доир мешавад, барои бори аввал 24 даста иштирок хоҳад кард. 12 мунтахаби иштирокчии ин марҳила аллакай маълум аст ва 24 даста дар марҳилаи интихобӣ барои 12 роҳхати боқимонда талош мекунанд.

Дар марҳилаи интихобии мазкур 24 мунтахаб ба 6 гурӯҳи 4 дастагӣ тақсим мешаванд ва аз ҳар гурӯҳ 2 дастаи ҷойҳои аввал соҳиби роҳхати ҳақи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2019-ро мегарданд.

Мунтахаби Тоҷикистон ҳангоми қуръакашӣ дар сабади дуюм ҷой мегирад. Рақибони мунтахаби мо дастаҳо аз сабадҳои якум, сеюм ва чорум мешаванд. Ин ба он маъност, ки дастаҳои сабади дуюм  – мунтахабҳои Ҳиндустон, Фаластин, Ветнам, Ҳонконг ва Туркманистон дар марҳилаи интихобӣ рақиби Тоҷикистон намешаванд.

Мунтахабҳои  Урдун, Умон, Филиппин, Баҳрайн, Қирғизистон ва ҶХДК дар сабади якум, мунтахабҳои Молдив, Лубнон, Яман, Афғонистон, Тайван ва Мянма дар сабади сеюм ва мунтахабҳои Малайзия, Сингапур, Камбоҷа, Непал, Бутан ва Макао дар сабади чоруми қуръакашӣ ҷойгир ҳастанд.

Ҳайати сабадҳо дар қуръакашӣ ба таври зайл аст:

Сабади 1: Урдун, Умон, Филиппин, Баҳрайн, Қирғизистон, ҶХДК.

Сабади 2: Ҳиндустон, Фаластин, ТОҶИКИСТОН, Ветнам, Ҳонконг, Туркманистон.

Сабади 3: Молдив, Лубнон, Яман, Афғонистон, Тайван, Мянма.

Сабади 4: Малайзия, Сингапур, Камбоҷа, Непал, Бутан, Макао.

Добавить комментарий