Ҳаким Фузайлов: «Бозӣ бо Сурия барои мо дарси хубе хоҳад шуд” – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳаким Фузайлов: «Бозӣ бо Сурия барои мо дарси хубе хоҳад шуд”

Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар нишасти хабарии пеш аз бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Сурия, ки дар маҷлисгоҳи Маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистони Суғд доир шуд, иброз намуд, ки бозӣ бо Сурия барои шогирдонаш сабақи хубе хоҳад шуд.

 

Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон:

“Мо соҳиби роҳхати иштирок ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё -2019ро шудем, ки моҳи марти соли оянда оғоз мешаванд. Ман аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, департаментҳои техникӣ ва байналмилалии Федератсия барои дастгирии ҳамаҷонибаашон бисёр миннатдор ҳастам. Барои мо тамоми имкониятҳо ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019  муҳайё карда шудаст. Бо ин мақсад, аз ҷониби Федератсияи футболи кишвар тамоми чораҳо андешида мешаванд. Вазифаи мо, фақат хуб омода шудан мебошад. Мо имконияти тамоми аъзоёни тими милиро сарҷамъ кардану ба таври навбатӣ санҷиш гузарониданро низ дорем. Барои баргузории бозиҳои дӯстона бошад, мо рақибони пурқувваттарро интихоб кардем. Танҳо дар бозӣ муқобили тимҳои тавоно дастаи мо бозияшро комил мегардонад. Барои бозигарони ҷавоне, ки бори аввал ба ҳайати дастаи якуми Тоҷикистон ҷалб шуданд, бозӣ бо рақибони пурқувват имкон медиҳад, ки таҷрибаи касбияшонро такмил диҳанд. Онҳоро барои дар бозиҳои гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё, дар ҳайати асосии тими миллӣ ҷо ёфтан, шавқманд мекунад. Барои мо дар бозии фардо, худи бозӣ нисбат ба натиҷа он муҳимтар мебошад. Зеро, якчанд бозигари болаёқати ҷавоне ҳаст, ки имконияти дар бозӣ бо рақиби пурқувват иштирок кардан ва таҷриба андӯхтанро доранд. Натиҷаи бозӣ он қадар муҳим нест. Маҳз, тавассути рақобат бо ҳарифони тавоно тими милӣ рушд мекунад ва комил мегардад. Барои мо бозӣ бо тими миллии Сурия – ин сабақи бисёр ҷиддӣ ва муҳим мебошад! Дар ин бозӣ капитани тими миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов иштирок намекунад ва имкон дорад, ноиби капитан Фатҳулло Фатҳулло капитан шавад. Дар ин замина, дар бозии пагоҳ, инчунин ду легионери дигари мо – Давронҷон Эргашев ва Парвизҷон Умарбоев низ иштирок намекунанд, ки ин ҳам ҳеҷ ҷои парешониро надорад. Бозӣ муқобили Сурия, ҳар хеле ки набошад, бозии дӯстона аст. Бозиҳои дӯстона бошанд, маҳз бо мақсади санҷиши бозигарони захиравӣ гузаронида мешаванд. Мо ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё тайёрӣ дида истодаем. Бозӣ муқобили Сурия барои мо бисёр муҳим аст ва он ки дар бозӣ легионерҳоямон иштирок намекунанд, ҳеҷ ҷои воҳимаро надорад. Баръакс, бозигарони ҷавонамон имкони нишон додани худашонро пайдо мекунанд. Ман то он даме ки дар мунтахаби миллӣ фаъолият мекунам, мавзӯи ҷавон кардани ҳайат як самти асосии корӣ қарор мегирад. Бачаҳое, ки ба ҳайат даъват мешаванд, имкон пайдо мекунанд, ки худашонро нишон диҳанд. Дар воқеъ, легионерҳоямон баъди бозӣ бо Сурия, санаи 29-уми август ба ҳайат ҳамроҳ шуда, ба бозии дӯстона муқобили Фаластин, ки санаи 6-уми сентябр дар Хеврон баргузор мешавад,  омодагӣ мегиранд. Дар бораи мунтахаби Сурия мо бо ёрии шӯъбаҳои Федератсия маълумотҳои заруриро дар даст дорем. Сурия мунтахаби таҷрибадор ва дар Осиё яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад. Тасодуфан, дар марҳилаи сеюм ва ҷамъбастии интихобӣ барои баромадан ба Ҷоми ҷаҳон-2018 иштирок намекунад. Мунтахаби Сурияро эҳтиром дорем. Мо дар футболи худамон бозӣ хоҳем кард. Мақсади мо омода гардонидани мунтахаби миллӣ ба бозиҳои гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё мебошад. Зеро дар наздамон вазифаи баромадан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2016 гузошта шуда аст. Дар ҷамъбаст аз мухлисони футболи ватанӣ даъват мекунам, ки ба варзишгоҳ омада бачаҳоро дастгирӣ кунанд. Варзишгоҳи Хуҷанд бисёр хуб аст. Дирӯз мо он ҷо тамрин кардем. Вазифаи мо бошад, хурсанд кардани мухлисонамон аст”- гуфт, сармурабии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов

Ҷаҳонгир Эргашев, ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон:

“Худро бисёр хуб ҳис мекунам. Баъди дар ҳайати мунтахаби милӣ лат бардоштанам, таҷрибаи бозикунии кофиро дар клуби худам надоштам. Хушбахтона, Ҳозир ҳамааш хуб аст ва ман худамро нағз ҳис мекунам. Дар ҳайати мунтахаби миллӣ низ ҳамаи бачаҳо худро хуб эҳсос мекунанд ва ба бозӣ муқобили тими Сурия омодаем. Ман, қаблан муқобили мунтахаби Сурия бозӣ накардам ва умедворам, ки пагоҳ дар бозӣ ба майдон мебароям. Ҳаким Қаюмович барои бозигарони мунтахаби миллиямон дар бораи тими Сурия маълумоти кофиро расонданд. Мунтахаби Сурия дастест, ки бисёр тез бозӣ мекунад ва ҳам бозигарони бомаҳорат дорад. Пагоҳ маълум мешавад, ки онҳо ба чӣ қодиранд ва мо чиро метавонем” – иброз намуд, ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев.

Добавить комментарий