Ҳаким Фузайлов ба бозӣ бо Фаластин ҳафт легионерро даъват кард – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳаким Фузайлов ба бозӣ бо Фаластин ҳафт легионерро даъват кард

Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов баъд аз баргузории бозиҳои якуми ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон, 23 бозигареро, ки ҷиҳати иштирок дар бозии байналмилалии санҷишӣ бо тими миллии Фаластин ба ҳайати мунтахаби мамлкат даъват шуданд, номбар кард. Бозӣ рӯзи 5-уми октябр, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба рӯйхати Фузайлов ҳафт легионери мо, ки дар чемпионатҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Булғория ва Белорус иштирок мекунанд, шомил шудаанд. Инҳо,  дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), муҳофизатгар Фарҳод Восиев («Оренбург», Русия), муҳофизатгар Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), муҳофизатгар Искандар Ҷалилов ва ниммуҳофизатгар Нуриддин Давронов (ҳарду «Дунав», Булғория), ниммуҳофизатгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория) ва ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Белорус) мебошанд.

Омодагиро ба бозӣ муқобили Фаластин дружинаи Ҳаким Фузайлов рӯзи 2-юми октябр оғоз мекунад. Бегоҳ, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрини якуми даста ба нақша гирифта шудааст. Легионерҳои тоҷик рӯзҳои аввали ҳафтаи оянда ба қароргоҳи тими миллии Тоҷикистон ҳозир хоҳанд шуд.

Мунтахаби миллии Фаластин рӯзи 3-юми октябр ба Тоҷикистон омада, дар меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе ҷойгир мешавад. 

 

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозӣ муқобили тими миллии Фаластин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Курбонали Бобоев («Истиқлол»);

Нимуҳофизон: Фарҳод Восиев («Оренбург», Русия), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғория), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду аз «Ҳосилот»), Соҳиб Саванкулов («Барқчӣ»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»);

Нимуҳофизон: Нуриддин Давронов («Дунав», Булғория), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғория), Умедҷон Шарипов («Вахш»), Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарипов (ҳама аз «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Белорус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Ҳосилот»).

Добавить комментарий