Ҳаким Фузайлов аз бозии дастаи мунтахаб қаноатманд нест – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳаким Фузайлов аз бозии дастаи мунтахаб қаноатманд нест

Баъди бохти дастаи мунтахаби  футболи Тоҷикистон  дар нахустин бозии интихобии Ҷоми Осиё-2019 аз дастаи мунтахаби Яман бо ҳисоби 2:1 сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ба саволҳо ҷавоб дод.

– Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ ман гуфта будам, ки дар ин сатҳи бозиҳо дастаҳои суст нестанд. Ба ин нигоҳ накарда бояд дастаи мунтахаби мо дар ин бозӣ ғалаба мекард, аммо ман бори аввал дидам, ки футболбозони мо бепарвоёна нисбат ба ҳариф бозӣ мекунанд. Онҳо пиёда хостанд ҳарифро мағлуб кунанд, вале футбол хеле пеш рафтааст, ин тавр бозӣ карда ба ғалаба комёб шудан мумкин нест. Бохти мо ҳаққонияти имрӯза аст. Дар чашмони бозингарони яманӣ шӯъла меборид, барои ҳар як тӯб мубориза мебурданду худро дареғ намедоштанд.   Афсӯс, ки футболбозонро ба худ оварда натавонистем. Онҳо бо дили нохоҳам, назарногирона рафтор карданд. Ба ин сурат ғалаба ҳеҷ гоҳ худ аз худ намеояд. Барои пирӯзӣ мубориза барои ҳар як тӯб дар ҳар мавқеъ  зарурат дорад, он вақт натиҷа ҳам мешаваду ғалаба ҳам.

– Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ғалаба чӣ нарасид?

– Пеш аз ҳама рӯҳияи мубориза барои ғалаба. Он ваҳдату ягонагие, ки пештар дар даста буд, ба чашм нарасид. Барои чӣ ин тавр шуд, меомӯзем. Бе ҳавсала ба майдон омадан маъно надорад. Имрӯз ҳар ду голро мо худамон ба дарвозаамон овардем.

Ба бохт нигоҳ накарда, фикр мекунам, ки ҳама натиҷаҳо ҳамоно дар пешанд. Албатта бохтан ва имтиёзе нагирифтан аламовар аст. Ин футбол аст, мо бояд аз камбудиҳо хулосаи зарурӣ барорем. Маҳз аз ин бохте, ки содир шуд.

Добавить комментарий